Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

безада бо лаҳннокии бештар гуфта мешавад. Бо лаҳни зиёд фарқ карда шудани ҳиҷои заданок хусусияти асосии задаи забони адабии тоҷикист.
Қолабҳои заданокии калимаҳои тоҷикию иқтибосиро вобаста ба ду меҳвари истеъмолашон: а) дар алоҳидагӣ, яъне дар шакле, ки дар фарҳангҳо оварда мешавад (хона, ҷавон, дусад, хондем); б) дар алоқамандӣ бо калимаҳои дигар меҳвари ҳамнишинӣ ё шакли грамматикӣ (хонаҳо, хонае, хонаро, хондам, мехонам) муайян мекунанд.
Маъмултарин қолаби задаи забони тоҷикӣ қолаби - - - -‘ мебошад:
мардýм, донишҷу, қадбалáнд, сесáд, ҳамдигáр, омадáн, шунавандá, роҳравӯн, оҳистá. Дар феълҳои таркибӣ танҳо як ҷузъашон мустақилияти маъноӣ дорад. Ҳамин ҷузъи маънодор заданок талаффуз мешавад: Хондá истода буд, тайёр карда шуд. Қолабҳои заданокии калимаҳои иқтибосӣ аз калимаҳои аслан тоҷикӣ фарқ мекунанд. Масалан, ҳамаи калимаҳои иқтибосии арабӣ қолаби заданокии миллии худро гум карда, мувофиқи меъёри талаффузи тоҷикӣ талаффуз мешаванд: олим, қодир, соҳиб; муаллим, садоқáт, маърифáт. Ин қонуният дар мавриди калимаҳои юнонии «қафáс, тарёк, қонýн…», ҳиндии «товýс, шатрáнҷ» низ риоя мешавад. Вобаста ба ҷояшон нисбат ба калимаҳои мустақилмаъно унсурҳои безадаро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) калима ва морфемаҳое, ки пеш аз калимаи асосӣ меояд (проклитикаҳо): аз, бар, бо, то, бар; на…на, чи…чи, ё…ё; б) калима ва морфемаҳое, ки пас аз калимаи асосӣ меоянд (энклитикаҳо): -е (марде, шáхсе), о-и нидо (шӯиро, ýстодо), бандаки изофӣ (мáрди оқил), бандакҷонишинҳо (китӯбаш), бандакҳои феълӣ (хӯндам, хӯндӣ), бандакҳои хабарӣ (хондáам), пасояндҳои -ро, барин, боз (бáрф барин, дéр боз, хонáро). Хелҳои зерини задаро фарқ мекунанд: 1. Задаи асосӣ. Задае, ки дар калима вазифаи бевоситаи худро иҷро карда, яке аз ҳиҷоҳои калимаро ба таври махсус ҷудо мекунад. 2.
Задаи динамикӣ (қуввагӣ), ки хоси забони русист; задаи доимӣ (устувор) дар забонҳои чехӣ, венгерӣ, финӣ, эстонӣ дар ҳиҷои авали калима; дар забонҳои франсузӣ ва бисёр забонҳои туркӣ дар ҳиҷои аввали калима; дар забони полякӣ пеш аз ҳиҷои охирин меафтад. 3. Задаи дуюмдараҷа. Задаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ