Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аз як хонадони араб ба хонадони дигар, балки аз бародари калонӣ ба бародари хурдӣ (хафашуда) аз хонаводаи халифаҳои ҳоким дода мешуд. Инчунин, хароб кардани Бағдод пас аз муҳосираи яксолаи артиши хуросониёни Маъмун бо сардории фармондеҳи боистеъдоди Тоҳир, асосгузори сулолаи Тоҳириён, мавқеи Марвро ҳамчун пойтахти хилофат тақвият бахшид.
Дар ин солҳои вазнин, ба ин халифаи муваффақ, бо тафовут аз пешгузаштагони худ, муяссар гардид, ки ба таҳқиқоти илмӣ ба таври ҷиддӣ машғул шавад, вақте ки як қатор олимони барҷастаю боистеъдоди миқёси ҷаҳонӣ дар атрофаш ҷамъ шуда буданд.
Хушбахтона, пеш аз ташкили академияи илмӣ дар пойтахти нави муваққатии хилофат дар Марв, фаъолияти густардаи тарҷумонии олимон таҳти сарпарастии хонаводаи вазирони бузурги Бармакиён, асосан, ба итмом расид. Қабл аз ин дар Бағдод, дар идомаи анъанаи илмии сосониён Гунди Шопур, тарҷумаи васеъи асарҳои мутафаккирони қадим (Юнони қадим) ва ҳиндӣ дар соҳаи фалсафа, тиб, илмҳои сиёсӣ ва ғайра ба роҳ монда шуда буд. Дар ин фаъолияти Бармакиён, мутахассисон идомаи анъанаи ниёгони онҳоро пайгирӣ мекарданд, зеро Бармакиёни пешина, ҳамчун мураббиёни буддоии маъбади машҳури Навбаҳор (вихараи нав – «дайраи нав») ба тарҷумаи забонҳои дигари минтақаи паҳншавии ин дин (дар Хуросон, ҳавзаи Тарим, Варорӯд, Тибет, Чин ва ғ.) маъхазҳои ибтидоии буддоии Ҳиндустон машғул буданд.
Акнун олимони ислом, ки дар Марв ба таҳқиқоти илмӣ машғул буданд, дастовардҳои халқҳои ҷаҳон пеш аз давраи исломро дар даст доштанд, ки ин дар таҳқиқи онҳо кӯмаки қавӣ буд.
Ҳангоми будубош дар Марв, Маъмун нисбат ба падараш Ҳорун ар-Рашид ба илм таваҷҷӯҳи хеле васеътар зоҳир мекунад.

пешина
аз 335
навбатӣ