Ҷаҳони Тоҷикон

Соли 534 пешвои туркҳо Бумин таъин гардида, унвони «Ябғуи бузург»-ро гирифт. Аз рад намудани мағруронаи хостгории ҳоқони жожҳо Бумин ба хашм омада, бар зидди сюзеренҳои (амлокдорони) худ лашкар кашида, онҳоро мағлуб кард. Дар тӯли се даҳсола, онҳо давлати азимеро бо ҳудудҳои аз Манҷурия то халиҷи Керч ва аз болооби Енисей то болооби Амударё бунёд карданд. Аз ҳамин давра ба ҷойи калимаи «ашина» (суғд. «кабуд») истилоҳи «турк» васеъ паҳн шуд. Баъзан ибораи ҳар дуи -«туркҳои кабуд» истифода мешуд. Суғдиён созандагони империяи навро турк ва дар ҷамътуркут-«туркҳо» номиданд. Ин шакли номи суғдиро аввал чиниҳо (туҷжэ) ва баъдтар Византия иқтибос карданд, зеро муносибатҳои дипломатӣ, аз ҷумла мукотибаҳои дипломатии байни туркҳо ва чиниҳо ва туркҳою румиҳо бо миёнаравии фаъоли суғдиён ва хатти суғдӣ амалӣ мегардид. Баъдтар ин ном дар байни халқҳои дигар (эрониён, арабҳо, тибетҳо ва ғ.) паҳн шудан гирифт.
Таъсиси як империяи азим (Ҳоқони турк) ба воридшавии он ба робитаҳои ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодии асрҳои миёна, пеш аз ҳама, бо ҷаҳони атроф – Чин, Эрон ва Рум (Византия) боис гардид. Дар муносибатҳои байналмилалии он замон, яке аз вазифаҳои асосӣ, ин мубориза барои назорати нуқтаҳои Шоҳроҳи Абрешим буд.
Дар охири асри VI Ҳоқони Турк соҳиби ҳавзаи Тарим, Ҳафтрӯд ва Варорӯд гашт ва ду давлати Чини шимолро хироҷсупори худ кард. Суғдиён дар тиҷорати абрешим ба майдон баромаданд ва назорати худро аз шаҳри Пайканд (соҳили рости Амударё) то Чанъан (пойтахти давлати Суй) дар масири асосӣ ва аз соҳилҳои Волга то Дунхуан дар масири шимолӣ паҳн карданд.
Эрониҳо Шоҳроҳи абрешимро аз Пайканд то шаҳрҳои Сурия назорат мекарданд. Ба ибораи дигар, дар ин замон назорат аз болои Шоҳроҳи абрешим ба халқҳои эронӣ (суғдиён ва форсҳо) тааллуқ дошт, аммо дар афзоиши ихтилофи байни Сосониён ва Ҳоқони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё