Ҷаҳони Тоҷикон

Чун коршиноси сохаи китобдорӣ таъкид менамояд: «Дар шахрҳои Осиёи Миёна, алалхусус, дар Самарқанд дар давраи амир Темур ва Темуриён китобхонахои бузург фаъолят доштанд. Чун санъатшинос М.М. Ашрафӣ таъкид менамояд, аз давлатҳои дар ҷанг маглубшуда дар якчояги бо хунармандон дастхатҳои зиёд ба Самарканд оварда мешуд». Амир Темур соҳиби бузургтарин китобхона гардида, дар китобхонаи он бехтарин мутахассиони соҳаи китобдорӣ фаъолият доштанд.. Китобхонаи амир, ки китоб ва хуччатхои нодирро доро буд, берун аз Осиёи Миёна маъруфу машхур буд. Сафири испанӣ Гонсалес де Клавихо, ки соли 1404 ба Самарканд ташриф оварда буд, ин китобхонаи бузургро батафсил шарх додааст.
Тасдики ин гуфтахоро дар асари муаррих Камолиддин Абдураззок дарёфтан мумкин аст. Тибки навиштахои таърихнигорони арманӣ, ҳангоми лашкаркашиҳои амир Темур ба Арманистон ва Гурчистон кулли китобҳои форсиву арманиро, ки ба даст даровардааст, ба Самарканд равона карда, дар як бинои алохида чамъ намудааст Қудрати иқтисодии давлати нави мутамаркази Темуриён яке аз анъанаҳои дигари Сомониён – сарпарастӣ бар Шоҳроҳи Абрешим буд.
Амир Темур ба он бо ду роҳ расид:
-аввалан, бо интиқоли пойтахти давлати канории Қаршӣ (Шаҳрисабз) ба Самарқанд, шаҳри калидии Варорӯд;
-дувум, аз байн бурдани тамоми давлатҳои рақиби худ, дар хатсайрҳои хушкигард ва нуқтаҳои гиреҳии ин роҳи тиҷоратии байналмиллалӣ, аз шимоли Ҳиндустон то «Ӯрдаи Тиллоӣ» дар даштҳои ҷанубии Русия ва бандарҳои соҳилии шарқи баҳри Миёназамин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор