Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин рисолати таърихиро навомадаҳо аз шарқ – қабилаи барлос, ки дар замони хонҳои Чағатой, аз даштҳои муғул ба Варорӯд куч баста, соҳили рости гардиши миёнаи Амударёро барои зисти нави худ интихоб кардаанд, бомуваффақият ба анҷом расониданд.
Фаъолияти даҳсолаи намояндаи барҷастаи ин авлоду қабила амир Темур аз соли 1360 то 1370, натанҳо сатҳи бесарусомонӣ ва муноқишаи дохилиро, балки дар канор гузоштани ғояҳо ва арзишҳои даштиро дар зери таъсири фарҳанги мусулмонон дар Варорӯд ба таври возеҳ нишон медиҳад: исён натанҳо алайҳи хонҳои чағатоӣ, балки бар зидди амирони улус низ; бунёди қасрҳо ба ҷойи идома додани кӯчбандии мавсимӣ; ба Самарқанд баргаштани қароргоҳи ҳоким; эҳтиром ба рӯҳониёни исломӣ ва ғ. .
Амири нав ба тахтнишаста Темур, аввалин офарандаи давлати нав аз ғайриҷағатоиҳо, балки аз намояндагони муваффақи амирони кишвар (улус), ки қудрати худро тавассути дипломатияи никоҳӣ (издивоҷ бо намояндаи хонадони чағатоиҳо – духтари Қазонхон) қонунӣ гардонид, аз ясаи Чингизхон комилан даст кашида натавонист.
Дар тӯли якуним садсолаи ҳукмронии чингизиён дар қаламрави васеи Авруосиё ин ясаи Чингизхон, натанҳо дар Дашти Бузург, балки дар кишварҳои забтшуда низ эътибору нуфузи бебозгашт пайдо кард, ки дар он ҷо бо анъанаҳои сиёсиву фарҳангии маҳаллӣ бомуваффақият рақобат карданд. Аз ин рӯ, амири нав (унвони Сомониён), инчунин унвони нави даштӣ гургон (домод)-ро гирифт, то наздикии худро ба хонадони чингизиён (дар байни бисёр довталабони қудрат) нишон диҳад. Воситаи дигари қонунигардонии қудрати худ аз ҷониби Темур амалияи ба тахт шинондани хонҳои лӯхтакмонанд аз чингизиён мебошад. Акнун хонҳои қалбакӣ халифаҳои Аббосиро барои муассисони воқеии давлатҳои нав иваз карда буданд.

пешина
аз 335
навбатӣ