Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

асоси сарчашмаҳои таърихиву фарҳангӣ ҳавзаи эҷодии ниёгонро, ки барои идораи давлатҳои гуногуни Ҳиндустон аз Вароруд омаданд, ба се ҳавза: ҳавзаи Деҳлӣ, Бангола ва Панҷоб тақсим намуда, омӯзиши худро аз дуртарин ҳавзаи эҷодии ниёгон - Бангола, ки дар соҳили халиҷи Бангола ҷойгир аст, шурӯъ намудем. Ҳар як таҳқиқоти мо натиҷаи ғайричашмдошту пурмаҳсул буд:
1.Аз соли 1204 то соли 1837 дар қаламрави салтанати Бангола забони тоҷикӣ қариб 635 сол вазифаи забони давлатиро иҷро менамуд. Танҳо соли 1837 аз тарафи англисҳо, ки аллакай 70 сол (аз с. 1757) ин вилояти пешрафтаи Ҳиндустонро идора мекарданд, забони тоҷикӣ ба забони онҳо иваз карда шуд.
Барои ҳамин асарҳои забони тоҷикӣ дар ин ҷо хеле зиёд аст, лекин ҳолати нигаҳдории онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад; 2.Аввалин чопи сангии дастхатҳои тоҷикӣ (дарӣ-форсӣ) дар чопхонаҳои муосири шаҳри Калкутта амалӣ шуда, ба китобхонаҳои ҷаҳон паҳн шудааст; 3.Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар ҷаҳон дар шаҳри Калкутта аз тарафи маорифпарвари ҳиндутабор Раҷа Ром ба номи «Мират- ал-ахбор» солҳои 1823-1824 аз чоп баромада, ба мавзуоти мубрами онвақтаи Ҳиндустон бахшида шудааст; 4.Дар шаҳри Калкутта ду маркази илмӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд, ки яке –“Ҷамъиятӣ Осиёгӣ” (Asiatic Society), ки аз с.
1787 фаъолият дорад, дар баробари ҳифзи дастхатҳои нодир (хатти Канишка, шоҳаншоҳи Кушониён) боз дорои дастхатҳои нодир ба забони тоҷикӣ мебошад. Дуюмин марказ- «Ҷамъияти эронӣ» (Iranian Society), ки аз с. 1944 фаъолият дошта, дорои китобхонаи нодири дастхатҳои тоҷикӣ ва маҷаллаи илмӣ «Индо-ираника» мебошад.
5.Шумораи шоирон ва мутафаккирони тоҷик дар Бангола ва тамоми Ҳиндустон ҳамон қадар зиёд шудааст, ки коршиноси ҳиндутабор Дас бо тахаллуси «Хушгӯ» китоби сеҷилдии худро «Сафинаи Хушгӯ» бо феҳристи ному насаби зиёда аз 1400 нафари онҳо бо намунаи ашъорашон таълиф кардааст.
Ҳолатҳое зиёданд, ки зиёиёни ҳиндутабор аз назми тоҷик ба ваҷд омада, ҳатто ба ин забон шеърҳо эҷод намудаанд.
Ҳайати гуруҳи илмии Донишгоҳи миллӣ ва Академияи миллии илмҳо бо натиҷаҳои назаррас аз Ҳиндустон бо нусхаҳои 43 дастхатҳои нодир, ки аз он 10 номгуи адабиёти авастоӣ ва номгуи 9 852 дастхатти тоҷикӣ, ки дар 20 феҳристи донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ ҷамъоварӣ шудааст, баргашт.
Имрӯзҳо тибқи дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва Донишгоҳи миллӣ бунёди «Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ» ба анҷом расидааст. Аллакай як қисми дастхатҳоро чун корҳои пажӯҳишӣ муҳаққиқони марказҳои илмии кишвар омӯхта истодаанд.
Нахустин таҳқиқотҳои саҳроии мо нишон дод, ки амирони дурандеши Сомониён як стратегияи мукаммалро коркард ва васеъ паҳн кардаанд, ки насли муосир онро бояд ҳаматарафа омӯхта, ба ҷаҳониён пешкаш намояд.
Ин китоби досенти ДМТ Абдуғанӣ Мамадазимов «Ҷаҳони тоҷикон. Китоби I. Стратегияи Сомониён» натиҷагирии нахустин аз ҳамин таҳқиқотҳои устодони Донишгоҳи миллӣ буда, шуморо ба шиносоии консепсияи «Ҷаҳони бози тоҷикон» даъват менамояд.

Қобилҷон Хушвахтзода,
профессор, ректори ДМТ

пешина
аз 335
навбатӣ