Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мусулмон буданд, тавассути корвони тиҷоратии Чингизхон ба Хоразмшоҳ фиристода шуданд. Инчунин, як сафорати алоҳида бо роҳбарии Маҳмуди Яловачи Хоразмӣ (турки “яловач”- «сафир»), Алӣ Хоҷа Бухороӣ ва Юсуф Кенка аз Ӯтрор, ки бо Муҳаммад Хоразмшоҳ мулоқот намуда, сиҳату саломат ба ҷониби Чингизхон баргашт.
Лекин кори корвони тиҷоратӣ, ки ба шаҳри марзӣ дар масири шимолии Шоҳроҳи абрешим (Ӯтрор) расид, барор нагирифт. Тамоми тоҷирони мусулмон аз ҷониби ҳокими ин шаҳри марзӣ, асосан, ба хотири тамаъҷӯии ӯ, ки ба сарвати аз ҳад зиёди корвони аввалини хон чашм андӯхта буд, кушта шуданд. Шутурсавори ин корвон, ки аз саркӯбии тоҷирони муғул наҷот ёфта буд, тавонист ба назди Чингизхон баргардад ва ба ӯ аз ин хиёнат хабар диҳад.
Рисолати сафорати муғулҳо бо сарварии тоҷири хоразмӣ Ибни Кафраҷ Боғра, ба дарбори Муҳаммади Хоразмшоҳ, барои он ки ангезаи қатли тоҷирон ва ғорати молҳои онҳоро бифаҳмад ва дар сурати имкон, ба ҷавобгарӣ кашидани гуноҳкорон муяссар шавад, низ ноком анҷом ёфт, зеро роҳбари сафорат қатл карда шуд ва иштирокчиёни он бо шармандагӣ аз кишвар ронда шуданд. Маҳз вайрон кардани аввалин шартномаи байни давлатҳои абарқудрати ҳамсоя (дар бораи тиҷорати озод) яке аз ангезаҳои асосии лашкаркашии ғарбии хони Муғулистон гардид.
Дар солҳои аввали ташкили давлати бодиянишин Чингизхон даҳ мансаби аввалини дарбориро ҷорӣ кард:
1.«барандагони камон ва тир» дар таркиби 4 нафар (хорчӣ); 2.«мудирони хӯрок ва нӯшокиҳо», иборат аз 3 нафар (баковул ё баурчӣ); 3.«мудирони нигоҳдории рамаи гӯсфандон» (ахтачӣ); 4.«мудири истеҳсолоти юртаҳо» (юртчӣ)»; 5.«идоракунандаи аҳли хонавода» (чэрбӣ);

пешина
аз 335
навбатӣ