Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

3.4. Ғӯриён - «шарикони хурд»-и Сомониён дар паҳн кардани стратегияи «Ҷаҳони Тоҷикон»

Бояд қайд кард, ки ҳангоми паҳнкунии густурдаи консепсияи Сомониён «Ҷаҳони Тоҷикон» аз ҷониби сулолаҳои турк, ки ба он хушбинона рафтор мекарданд, як сулолаи пуриқтидори дигари тоҷик-сулолаи Ғӯриён аз «қалби»-и Афғонистони муосир ба арсаи сиёсат баромад. Ин сулолаи пурғайрати тоҷикон низ дар ин раванд саҳми сазовор гузоштааст.
Агар салҷуқиён бо сарварии султонҳои пуриқтидор (Туғрал, Алп-Арслон, Маликшоҳ, Султон Санҷар) ва аз ҷониби вазири оқил Низомулмулк моҳирона идора карда шуда, ин стратегияро, асосан, ба самти ғарб паҳн намуда, ба соҳилҳои шарқии баҳри Миёназамин расиданд, пас сулолаи нави тоҷиктабор, ҳамчун аввалин давлати мутамарказ дар маркази Афғонистони муосир, беш аз ҳама муваффақ шуд, ки онро дар қаламравҳои васеи нимҷазираи Ҳиндустон паҳн кунад. Стратегияи Сомониён ба шарофати кӯшишҳои ин сулолаҳо ва ворисони онҳо, баъдан ҳудудҳои бепоёнро аз соҳили халиҷи Бенгал дар шарқ ва то гулугоҳи Босфор дар ғарб фаро гирифт.
Мувофиқи ақидаи мутахассисон, Ғӯриён аз хонаводаи Шансабонӣ (Оли Шансабон) баромадаанд, ки эҳтимол, аз номи форсии миёна Вишнасп баромадааст. Пас аз зуҳури Ғӯриён, насабшиносон хонаводаро бо гузаштаи афсонавии эронӣ рабт дода, онро то шоҳаншоҳи асотири Заҳҳок пайваст карданд, ки бовар доштанд, авлодони вай баъди он ки Фаридун «зулми ҳазорсола»-и ӯро сарнагун кард, дар Ғӯр маскан гирифтаанд.

Bosworth C.E. «Ghurids», Encyclopaedia Iranica, https://iranicaonline.org/articles/ghurids
датаобращения 15.12.2020

пешина
аз 335
навбатӣ