Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бахшид. Ҳамин тариқ, Абумуслим, ки зодаи Хуросон (Марв) ва Ан Лушан, аз насли суғдӣ буд, на араб, дар ин муқовимати тақдирсоз ҳамчун муҳофизи воқеии тамаддуни исломӣ мубориза бурданд.
Далели он, ки хизмати воқеӣ дар шикасти стратегии артиши Чин ба Абумуслим тааллуқ дораду на ба зердасти ӯ Зиёд бин Солеҳ, дар рӯйдоди таърихии баъд аз муҳориба мушоҳида мегардад. Ин фармондеҳи арабтабор аз сабаби фитнаи халифаҳои Бағдод ба муқобили Абумуслим рӯ овард, лашкараш пурра аз ӯ рӯй гардонд, пас ӯ ба ҳимояи як деҳқони (ашрофзодаи тоҷикӣ) маҳаллӣ фирор намуд, ки ин деҳқон сари ӯро бурида ба Абумуслим фиристод.
Илова бар ин, як қатор манбаъҳои асримиёнагӣ иттилоъ медиҳанд, ки на Зиёд б. Солеҳ, балки дигар зердастони Абумуслим (ҳокими Самарқанд Исмоил б. Субайх дар як асар ва сардори лагери Тароз Саид б. Ҳумайд дар дигар) бар чиниҳо пирӯз шуданд.
Пеш нигариста, қайд менамоем, ки маҳз водии Талас баъд аз дусад сол, ба макони муқаддас табдил ёфт, ки қабилаҳо ва қавмҳои туркӣ таҳти сарпарастии Сомониён ба таври оммавӣ дини исломро қабул карданд. Ин интихоби тамаддунии онҳо (қабули дини ислом аз дасти Сомониён) чунин имконият ва қобилияти ҳарбӣ ва хизмати ғайратмандона барои дини ислом фароҳам овард, ки он аз соҳили халиҷи Бангола то гулугоҳи Босфорро фаро гирифт.
Мутаассифона, шикасти стратегии Чин дар водии Талас то ҳол ҳамчун пирӯзии арабҳо ва мусулмонон арзёбӣ мешавад, аммо далели таърихии он, ки он ғолибан тантанаи пирузии тоҷикони Варорӯд, Хуросон ва туркҳои Ҳафтрӯд буд, нодида гирифта мешавад. Тавре мутахассиси таҳқиқи минтақа дуруст қайд кардааст, ки «урдуҳои ба ном арабӣ акнун асосан аз осиёимарказиҳои эронитабор ва ҳам турктабор иборат буданд». Пайдоиши таҳқиқоти нав ин ҳодисаи мушаххаси таърихиро бодиққат омӯхта, бо пайдоиши як шахсияти

пешина
аз 335
навбатӣ