Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Пастеладиҳак ҷузъи ба пас теладиҳандаи асбоб (дар техника)
Пасткӯҳ кӯҳи паст
Пастозиш ба пас тохтан
Пастозониш ба пас тозонидан (масалан аспро)
Пастохт ба пас тохтан
Пастпарвоз хеле паст парвозкунанда (оид ба ҳавопаймо, чархбол ва монанди ин)
Пасупешрафт пасу пеш рафтан (ҳаракат кардан)
Пасчарх чархи қафо (пас) (дар автомобил)
Пасчарха чархаи пас (дар неругоҳ)
Патёра газанд, ангеза
Патх ҳайрон, ҳайрат
Патхшавӣ ҳайроншавӣ
Пахол пояҳои хушки гандум ё дигар навъи зироат; коҳ
Пахолболишт болишти пахолӣ
Пахолгилем гилеми пахолӣ (аз пахол бофташуда)
Пахолдевора деворае, ки аз бастаи пахолҳо кашида шудааст
Пахтапоға поғаи пахта
Пахч кӯфт, пахш
Пахчиш амали кӯфтан, пахшидан
Пахшафзор афзори пахшиш (фишориш)
Пахшиш амали пахшидан
Паҳна паҳноӣ (паҳнаи муҳраи гардани инсон)
Паҳнгустара ба паҳно густаришёфта
Паҳнгустариш ба паҳно густариш ёфтан (паҳн шудан)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё