Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Овосанҷӣ санҷидан (чен кардан)-и овоз (садо)
Овофизо воситаи баланд кардани дараҷаи овоз (садо)
Овофикан воситаи овозафкананда
Овошикан воситаи монеъ шудан ба паҳншавии овоз (садо)
Овошиканӣ шикасти овоз (садо) зимни паҳншавӣ
Огардкашӣ огард (ҷӯяк) кашидан
Оғишта омехта; олуда
Оғиштагил гили оғишта (олудашуда)
Оғиштаоб оби оғишта (олудашуда)
Оғоза оғозин, нахустин, аввалин
Оғозбахшӣ оғоз бахшидан ба коре
Оғоздиҳӣ оғоз додан ба коре
Оғозиш оғозидан, оғоз кардан, шурӯъ кардан
Оғола ангеза
Оғолиш оғолидан, ангехтан, барошуфтан
Оғор нам, заҳ
Оғориш намгирӣ, заҳкашӣ
Ожанд маҳлул
Ожандгардонӣ маҳлулгардонӣ
Ожиш ожидан, халондан, сӯрох кардан
Озабзор абзори озиш, сӯрохкунанда
Озиш амали озидан, яъне, сӯрох кардан, рандидан
Оинамоно монанд ба оина
Ок осеб, айб, нуқсон
Окандачӯб чӯби оканда (кандакоришуда)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё