Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Обзан зарфи бузурге, ки дар он нишаста, бадани худро бо об шӯянд; ванна
Обзаҳиш заҳида гузаштани об
Обканд(а) мавзее, ки онро об (сел) кандааст; селроҳа
Обкаш чизе, ки обро ба худ мекашад (меҷабад): замини обкаш
Обкост кам шудани об
Обкоҳиш кам шудани об
Облӯла лӯлаи обрасонӣ
Обмино мино (зарф)-и обгирӣ
Обмоно монанд ба об; моеъ
Обмоя моя (манбаъ)-и об
Обмӯрӣ мӯрии обгузар, яъне, воситаи гузаронидани об аз як ҷой ба ҷойи дигар
Обнеру неру (энергия)-и об
Обнова новаи ҷорӣ кардани об аз ҷое ба ҷое
Обнорасид хок (замин)-и ҳоло обёрӣ нашуда
Обнорасида хоке (замине), ки ҳоло обёрӣ нашудааст
Обогина обпуркунанда, обғундкунанда
Оболоиш бо об олуда кардан
Оболуда бо об олудашуда
Обомехта бо об омехташуда
Обомезиш бо об омехта кардан
Обполак ниг.: обполо
Обполандагӣ қобилияти полидани об
Обполо воситаи тоза (покиза) кардани об
Обпаз бо об пазонидан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё