Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Донишвожагон вожагон, яъне, калимаҳо ва ибораҳои махсусе, ки номи мафҳумҳои илмӣ ва илмию техникиро ифода мекунанд; истилоҳот
Донишгирд ниг.: донишканд
Донишпажӯҳ пажӯҳандаи дониш
Донишканд шаҳри махсусе, ки дар он танҳо олимон (донишмандон) кору фаъолият ва зиндагӣ мекунанд; наукоград
Донишогоҳ каси аз дониш баҳрамандбуда
Донишпоя ба дониш асосёфта
Доноён донандагон, мутафаккирон
Доругиёҳ гиёҳи доругӣ
Дорумолӣ молидани дору
Доҷ/дож тира, торик
Доҷғор ғори тираву торик
Доҷоб оби тира
Доҷшаб шаби тираву торик
Дошгудоз дар дош (кӯра, хумдон) гудохташуда
Дошгудохт дар дош (кӯра, хумдон) гудохтан
Дошпаз дар дош (кӯра, хумдон) пазондашуда (масалан, оҳак, хишт, сафол ва ғайра)
Дошпухт дар дош (кӯра, хумдон) пазонидан (масалан, оҳак, хишт, сафол ва ғайра)
Дошт бадоштӣ, тоқат
Доштдиҳӣ дошт додан, тоқатпазир будан
Доштдод ниг.: доштдиҳӣ
Дуандоза масоҳат, сатҳ (зарбҳосили бару дарозии ягон чиз)
Дугуна ду сохт ва ё ду шакл доштан
Дугунагӣ хусусияти ду сохт ва ё ду шакл доштан
Дуда авлод
Дудамон идомадиҳандаи авлод
Дудкашӣ дуд кашидан (масалан, дар вақти сӯхтани ҳезуми тар)
Дудмӯрӣ мӯрӣ (лӯла)-и дудбаро
Дудпеча печаи дуд
Дудсӯхт 66од уд сӯхтани ҳезум
Дукрес ба воситаи дук ресидашуда (масалан, ришта)
Дукресиш ба воситаи дук ресидан
Дуксон ба сон (монанд)-и дук
Дукчӯб чӯби дукбоб (дуксозӣ)
Дунболакаш воситаи аз дунболи худ кашида бурдани чизе
Дунболдав аз дунбол даванда
Дунболдавӣ аз дунбол давидан
Дунг барҷаста, баланд
Дунгза мавзеи дунг (барҷаста)
Дунгзамин замини дунг (барҷаста)
Дунгӣ барҷастагӣ, баландӣ
Дупоён одамон ва дигар мавҷудоти зиндаи дупо
Дурангӣ дурӯягӣ
Дурандоз ниг.: дурандохт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё