Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Бозрафт гашта рафтан
Бозрехт аз нав рехтан (ҷорӣ шудан), аз нав ба резиш омадан
Бозронд рондан, дур кардан
Бозрӯ(й) рӯйи кушода
Бозрӯя рӯяи кушода
Бозтоб инъикос
Бозтобӣ инъикос шудан
Бозшуморӣ аз нав шумор кардан, аз нав ба ҳисоб гирифтан
Бозшумурд ниг.: бозшуморӣ
Бозҷӯйиш амиқтар ҷӯстан
Бозҷӯшонӣ такроран (дубора) ҷӯшонидан
Болиш сабзиш, нашънамо; рушд
Болобар(ак) воситаи ба боло (баландӣ) бардоштан
Болобурд ба боло (баландӣ) бурда расондан
Боловар болосӯ, болосамт. Ниг.: вар
Бологузашт ба сӯйи боло гузаштан
Болодиҳӣ ба боло додан (равона кардан)
Болодод ниг.: болодиҳӣ
Болоканор канори болои Замин; шимол
Болокард боло кардан; бардоштан
Болокаш(ак) воситаи ба боло кашида баровардани чизе
Болокашӣ ба боло кашидан
Болонамуд намуд аз тарафи боло
Болопарид ба боло паридан (ҷастан)
Болорафт ба боло рафтан; афзудани чизе (масалан, нарх)
Болорӯ рӯ ба боло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё