Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Ҷӯлониш ҷӯлонидан, ғелонидан; ғалтонидан
Ҷӯркард ҷӯр кардан, мувофиқ намудан, созгор намудан
Ҷӯровоз овози ҷӯршуда; касони овозашон ҷӯр
Ҷӯстафзор афзори ҷустуҷӯйӣ
Ҷӯша ҷӯшон, ҷӯшида; сӯзон
Ҷӯшафзор афзори ҷӯшониш
Ҷӯшаоб оби ҷӯшонидашуда; оби тафсон
Ҷӯшапайваст бо кафшер пайваст кардан
Ҷӯшапухт ҷӯшонида пухтан
Ҷӯшдарё дарёи обаш ҷӯшзананда
Ҷӯшзад ҷӯш задан; туғён кардан (масалан, об)
Ҷӯшина воситаи ҷӯшониш
Ҷӯшоб оби ҷӯш (сӯзон)
Ҷӯшоварӣ ба ҷӯш овардан; ба ҳолати ҷӯш овардан; ба ҳолати ҷӯшу хурӯш овардан
Ҷӯшомад ба ҷӯш омадан
Ҷӯшона ниг.: ҷӯшина
Ҷӯшониш ҷӯшонидан, ба ҳоли ҷӯш овардан
Ҷӯшчашма чашмае, ки обаш ҷӯшида мебарояд
Ҷӯякбандӣ ба ҷӯякҳо тақсим кардани замин
Ҷӯяккашӣ кашидан (бардоштан)-и ҷӯяк
Ҷӯякишт кишти ҷӯякӣ (ҷӯяк-ҷӯяк)
Ш
Шаббин абзори биниши шабона
Шаббиниш биниши шабона
Шабгард чизе (хазанда, даранда)-е, ки шабона мегардад
Шабдид диди шабона
Шабкор шабона коркунанда
Шабнигар абзори мушоҳидаи шабона
Шабпарвоз парвози шабона
Шакарнам борони андак, нам (шабнам)- и фоидабахш (барои зироат)
Шанггуфтор касе, ки хушоянд сухан мекунад
Шанграфтор касе, ки хушрафтор аст
Шарорапошӣ шарора пошидан, шарорабор шудан
Шара ҷойи рехти оби равон аз баландӣ ба замин
Шаррехт резиши шар (тез)
Шастбурд бо шаст бурдан
Шастгардонӣ шаст (суръати чизе)-ро гардонидан (паст кардан)
Шастгир бо шаст (тез давида) гирифтани чизе
Шастгурехт бо шаст гурехтан
Шастдав бо шаст даванда
Шастдошт бо шаст (тез давида) доштан; бо шаст (абзори моҳидорӣ) моҳӣ доштан
Шастоб оби бо шаст ҷоришаванда
Шастомад бо шаст омадан
Шастпар бо шаст паранда
Шастпарвоз бо шаст парвозкунанда
Шастрав бо шаст раванда
Шастрафт бо шаст рафтан
Шастҷаст бо шаст ҷаҳанда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо