Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Чаладониш дорои дониши чала (нокомил)
Чалак номи дастафзоре барои ресидани ришта
Чалакишт чала (нимкола) киштан, пурра кишт накардан
Чалакамол чала камолёфта, пурра камолнаёфта
Чалакресӣ ба воситаи чалак ресидани ришта; ниг.: чалак
Чалакришта риштае, ки ба воситаи чалак ресида шудааст; ниг.: чалак
Чалакӯб чала (нопурра) кӯбидашуда
Чалакӯфт чала кӯфтан (кӯбидан), пурра накӯбидан (масалан, гандумро)
Чалапайваст чала пайвастшуда, муҳкам пайвастнашуда
Чалапардохт чала пардохт шудан, пурра пардохт накардан
Чалараста зироати чала нокомил руста
Чаласабзиш сабзиши нокомили зироат
Чаласӯхт чала (нимкола) сӯхтан, пурра насӯхтан
Чалапхӯрд чалап-чалап карда хӯрдан
Чалид чалидан, сайру гашт кардан; гирдгардӣ
Чалкард мағал кардан, фарёду фиғон бардоштан
Чамиш чамидан, хиромидан, бо ноз роҳ гаштан, хиромон роҳ рафтан
Чамониш чамонидан, ба сайру хиром овардан, хиромонидан, ба нозу хиромиш водор кардан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо