Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Ҳампечидагӣ бо ҳам печида будан
Ҳампуррагӣ хусусияти ҳамдигарро пурра кардан (комил сохтан) доштан
Ҳамрас ба якдигар расанда
Ҳамрасиш ба ҳамдигар расидан (расиш кардан)
Ҳамрасонд бо ҳам расонидан
Ҳамрафт якҷо рафтан, якҷо густариш ёфтан
Ҳамрехт ба ҳам рехтан
Ҳамрехта ба ҳам рехташуда; маҳсуле, ки дар натиҷаи ба ҳам рехтани чанд маҳсул ҳосил мешавад
Ҳамсанг ҳамвазн; ҳамандоза; баробар
Ҳамфарогир ҳамдигарро фарогиранда
Ҳамчанд бо ҳам баробар, баробарниҳода
Ҳамчандӣ ҳамандозагӣ, ҳаммиқдорӣ, андоза (ё миқдор)-и якхела доштан
Ҳамчасб бо ҳам часбанда
Ҳамчаспиш бо ҳам часпидан
Ҳамчид болои ҳам чидан
Ҳамчунонӣ монандӣ, ҳаммонандӣ
Ҳанҷа ҷаззоб, ба худ ҷалбкунанда
Ҳанҷиш ҷалбкунӣ, ҷазбкунӣ, кашиш
Ҳарсӯдавӣ ба ҳар сӯй давидан
Ҳарсӯгароӣ ба ҳар сӯ гаравидан (майл кардан)
Ҳарсӯкашӣ ба ҳар сӯй кашидан
Ҳарсӯравӣ ба ҳар сӯй рафтан
Ҳарсӯҷаҳӣ ба ҳар сӯй ҷаҳидан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо