Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Сесӯйӣ сепаҳлуӣ, сепаҳлудорӣ, сегӯшаӣ, сегӯшадорӣ
Сечандафзоӣ се баробар (бор, карат) зиёд кардан
Сечидан омодагӣ гирифтан
Сечиш омодагирӣ
Сеяксол аз се як қисми сол
Сеякхӯла хӯлае, ки аз ду навъи як филиз ва як навъи филизи дигар иборат аст
Сиёҳтоб чизи сиёҳ тобанда
Сиёҳшиша дорои шишаи сиёҳ
Силадиҳӣ молиш, молишдиҳӣ
Силакард сила кардан, бо даст навозиш кардан
Симбанд ба воситаи сим басташуда; банд (ресмон)-и симин
Симбандӣ ба воситаи сим бастан (муҳкам кардан)
Симбаст ниг.: симбандӣ
Симғалтак ғалтаки симпеч
Симпайваст ба воситаи сим пайваст кардани чизҳо
Симтаноб таноб (ресмон)-и симин
Симтор тор (ованг)-и симин
Симхобонӣ ба зери замин хобонда, кашида бурдани сим
Сипеҳросо монанди сипеҳр (фалак)
Сипӯзиш сипӯзидан, халонидан, фурӯ кардан
Сипӯза абзори сипӯзанда, халонанда, халоабзор
Сиришт омехта кардан, оғишта кардан
Ситеза ситезанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё