Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Сардбод боди сард
Сардгардон(ак) воситаи сард гардонидан
Сарддору доруи сардккунандаи бадан
Сардипазир сардибардор, ба сардӣ пуртоқат
Сардипазирӣ сардибардор будан, ба сардӣ пуртоқат будан
Сардларза ларзиши бадан, ки аз сардӣ ба вуҷуд меояд
Сардларзиш аз сардӣ ларзидани бадан
Сардоб оби сард
Сардситора ситораи сардтабиат
Сафедкӯҳ кӯҳе, ки хокаш сафедранг аст; кӯҳе, ки дар он чизе намерӯяд
Сафедхӯла хӯлаи сафедранг
Сафедчӯян чӯяни сафедранг
Сафедҷурда сафедранг
Сафолакбандӣ сафолак бастан (масалан, замин); бо сафолак (плита) фарш кардан
Сафолпора пораи сафол
Сахта овезон, овехташуда
Сахтбандӣ сахт (муҳкам) бастан
Сахтбаста сахт (муҳкам) басташуда
Сахтборон борони сахт (шадид)
Сахтбориш бориши сахт (бошиддат)
Сахтмолиш сахт (бо шиддат) молидан; молиши сахт (бо шиддат)
Сахтпӯлод пӯлоди сахт (устувор)
Сахтсойиш сахт (бо шиддат) сойидан; сойиши сахт (бошиддат)
Сахттан дарахти танааш сахт
Сахтшориш сахт (бо шиддат) шоридан; шориши сахт (бошиддат)
Сеандоза ҳаҷм (ҳосили зарби бар, дарозӣ ва баландии ягон чиз)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё