Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Римоба обе, ки аз даруни рим (захм) мебарояд
Римравонӣ равондани рим (чирк) аз бадан
Риштабулӯр булӯри риштамонанд (риштаришта)
Роғбандӣ бастан (муҳкам кардан)-и роғ; пур кардани роғҳо
Розкушо кушояндаи розҳо
Розкушоӣ кушодани розҳо
Розкӯл кӯли роздор (сирнок)
Розҷӯй ҷӯяндаи роз
Рондафзор афзори ронандагӣ
Роноиш ронондан, ба рондан водор кардан
Ростгаравиш ба рост гароидан (майл кардан)
Ростгардиш гардиш ба сӯйи рост
Ростгароӣ ниг.: ростгаравиш
Рострафт рост (ба сӯе майл накарда) рафтан; ба тарафи рост рафтан
Ростронд ниг.: ростронӣ
Ростронӣ рост рондани воситаи нақлиёт
Ростчархиш чархиш ба сӯйи рост
Роҳбарг барг (захира, тӯша)-и роҳ (сафар)
Роҳбастагӣ монеъ, мамоният, сад(д)
Роҳпӯ(й) ропаймо
Роҳҷӯ(й) ҷӯяндаи роҳ
Рошкашӣ рош (марза, вот) кашидан (масалан, дар қитъаи замин)
Рустакӣ ба таври рустӣ (пинҳонӣ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё