Абубакр Розиқов ҳамчунин дар нишондодаш оварда буд, ки баъди амалӣ намудани супориши шеф дари хонаро дар ошёнаи дувоздаҳум каме кушода мондааст, чунки боварии комил доштааст, ки он нафаре ки муҳаббатро ба хотири пул пеши по задааст, хоҳад баргашт. Ў бошад калидҳоро ҳангоми бозгашт дар ахлотқуттии сарироҳӣ дар масофаи панҷсад метр дуртар аз кӯчаи Зарнисор партофтаст. Хуршеди Малик дар нишондоди иловагиаш оварда буд, ки чун омад, дари хонаи Парисоро нимкушода дид ва калидҳоро аз қисми дохили хона гирифта, онҳоро чун калидҳои худ ба тафтишот пешкаш намуд.
Шаҳлои Носир аз бозиҳои пасипардагии тағояш огоҳ гашта, чун фаҳмид, ки ўро ба ҷои Парисо нияти ба мамолики Араб бурдан доштааст, тобу тавони хешро гум намуда, иқрор шуд, ки ў тариқи фотоапарати “Кодак” чанд маротиба Парисоро дар шакли урён ва нимурён аксбардорӣ намудаст.
Чун Парисо ҳамон лаҳзаҳо сархуш будаст, ба ин кор аҳамияти ҷиддӣ надодаст. Расмҳои урёни вайро бошад, Парисо тариқи ҳамон фотоаппарат ба навор гирифтааст. Сипас, ў аксҳои хешро ба Парисо нишон дода гуфтаст, ки ҳамон вақт ў нафаҳмидаст, ки лентаи фотоапарат тамом шудааст. Бори дуюм Парисо худаш хоҳиш кардааст, ки мехоҳад чунин аксҳои зебо дошта бошад ва ин дафъа ӯ ба ҷуз негатив як нусхаи он аксҳоро ба дасти тағояш додаст. Парисо бошад, расмҳои хешро ба таври амонат барои нигоҳдорӣ дубора ба вай додааст, то мабодо дўсташ Хуршед онҳоро набинаду муносибаташро канад. Шаҳло боре ҳам ба Парисо нагуфтааст, ки бо Хуршед шиноси дерина аст, баръакс онҳо ҳарду кӯшиданд дар ин кори “хайр” саҳмгузор бошанд. Рафту Парисо ба мамолики Араб мерафт, ҳамаи он нафароне, ки дар қазия ба таври бевосита шарик буданд, бояд соҳиби ҳашт фоизи даромад мешуданд…
Дар қазияи мазкур танҳо як нафар боз аз об хушк баромад, ин ҳам бошад ҳамон рўзноманигоре буд, ки рўзи панҷшанбеи
30 январ, ман барои амалӣ шудани орзуҳои духтари хаёлиам Нозанин пой ба остонаи ҳавлиаш гузошта будам ва ў ҳатто бандаро ҳушдор сохт, ки дар нигоҳ зебоипараст ҳам бошам, вале дар қалбам ба андешаи худи вай пуштибони ҷаҳолатам…
Боз ҳамин зебоипарасте, ки ба сари чандон оилаҳо оби хунук рехта буд, аз об хушк баромад…
Моҳе пас дар кӯча ман Зебои Ризвонро дидам ва чун ў худаш ба наздам омад, дар омади гап барои андешаҳои ботилам дар нисбаташ узр пурсидам.
- Худованд худ довари асил аст, - гуфт ў ва бо табассуми малеҳе аз наздам дур шуд.
- Худованд худаш бузург аст - бузург гўён ман самти ҳаракати хешро давом додам.





