Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 526 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 526 аз 527 · 2 ноябри 2026

БА ҶОИ ЭПИЛОГ
Баъди як ҳафта Абубакр Розиқовро дар ноҳияи Панҷ дастгир намуданд ва ў иқрор шуд, ки Парисои Ҳотамро бо супориши бевоситаи Масрури Мўсо ба қатл расондааст. Барои иҷрои ин амал шеф ба вай калидҳои хонаи мақтулро дода. Чун ҳангоми гусели меҳмон соҳибхона то пеши баромадгоҳ рафтааст, ў имконияти пурраи азназаргузаронии манзили вайро ёфта, чун болои миз кордеро бо сабти номи соҳиби он пайдо намудааст, онро ба даст гирифта, омадани сайдашро интизор шудааст. Нафари дуюмро бошад, ў бо супориши Баҳодури Сулаймон ба қатл расонидаст ва дар амалӣ шудани ин қазия худи Баҳодури Сулаймон низ иштирок намудаст.
Аслан Баҳодури Сулаймон он субҳ ба ҳайси ронандаи таксӣ амал намуда, баъди бозгашт аз бозори “Корвон” банохост ўро зер намудааст. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву ҷабрдидаро ба курсии қафои мошин шинонданд, то ўро дар пеши беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” фароранд. Бемор тариқи бӯғӣ намудан мусофири асосиро ба қатл расонда, сипас ҳамроҳи ронандаи таксӣ ҷисми беҷони вайро ба карери дуюми ноҳияи Рўдакӣ бурда, дар чуқурии на чандон калоне таги регу хок намуданд. Чун онҳо бо худ бел надоштанд, болои ҷасадро бо роҳи партофтани сангчаҳо пӯшонидаанд… Борхалта ва борони вайро бо худ гирифта, баробари бозгашт ба шаҳр дар дохили мошин, ки аз роҳи калон дуртар манъ намуданд, баробар тақсим намуданд. Ҳиссаи ў аз ин амалиёт шонздаҳ ҳазор доллари амрикоӣ ва яксаду дувоздаҳ ҳазору чорсаду панҷоҳ сомониро ташкил додаст. Ҳамин миқдор пул боз насиби ронанда Баҳодури Сулаймон гардидаст.
Абубакр Розиқов ҳамин суханонро дар вақти рў ба рў намудан бо Баҳодури Сулаймон низ такрор намуд. Ҳангоми кофтукови манзили ў понздаҳ ҳазор доллар ва даҳ ҳазор сомонӣ купюрҳои гуногун ёфта гирифта шуд. Дар манзили бародари Баҳодури Сулаймон - Нозим Сулаймон бошад, ба миқдори понздаҳ ҳазор доллар ва ҳафт ҳазору чорсаду навад сомонӣ ёфта гирифта шуд. Баҳодури Сулаймон иқрор шуд, ки аз миқдори пули гирифташуда ду ҳазорашро баъдтар ба Шаҳлои Носир, чун ширинкома додааст. Шаҳлои Носир низ суханони Баҳодури Сулаймонро рад накард ва дар нишондоди иловагиаш овардаст, ки ҳамаи он маблағро дар қарзҳои доштааш сарф намудааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан