-Як ҳолати бисёр ҷолибе ҳаст, ҳарчанд он на ба мо, балки ба ҳампешагони мо аз прокуратураи ноҳияи Сино дахл дорад, вале чун ба андешаи мо ҳарду ҳодиса ҳалқаи як шаддаанд, онро нодида гирифтан ба манфиати корҳои ҷустуҷӯӣ нест.
-Шояд шунавем.
-Матлубаи Руҳулло дар нишондодаш овардааст, ки кадоме ҳамон шаб занг зада падарашро пурсидааст ва баъди он занги телефонӣ авзои қиблагоҳаш бадтар шудааст ва чун онҳо сабаби хотирпарешонии эшонро пурсон шудаанд, падар чун ҳамон дузди зӯр гуноҳро ба сари ҳамсараш, ки гӯё асрори хонадонро ифшо намудааст, бор карданӣ шудааст. Ҳол он ки он ҷо ягон асрори нуҳуфтае ҳам набудааст.
-Андешаи шумо боиси қабул аст, рафиқ лейтенанти калон, вале чӣ илоҷ, ки кормандони прократураи ноҳияи ҳамсоя ҳама корро дар алоҳидагӣ ҳаллу фасл намудан хостанд, бехабар аз он ки аз як даст садо намебарояд ва ба гумон аст, ки онҳо дар ин самт ба дастоварде ноил шуда бошанд. Албатта, моро ҳам то кунун далели мӯътамаде дар даст нест, вале агар ин кор ба мо даст диҳад Асад Ғанӣ он парвандаро низ тариқи патронаш талабкарда мегирад. Ба гумонам, занги оншаба чун найранге, ки дар мушқапак дон мегузоранд, истифода шудааст.
-Қабул, вале он чӣ доне буда, ки собиқ сармуҳосибро ба мушқапак андохт?
-Аслашро намедонам, вале аз рӯйи назарияи аввалин он дон метавонад сабти овози Руҳулло Ғаффор ва Файз Камол дар қаҳвахонаи “Дидор” бошад, шояд собиқ сармуҳосиб гумон доштааст, ки касе вайро шантаж мекунад ва чун аз қувваю бозуи хеш боварӣ доштааст, ба ҷойи таъиншуда шитобидааст, то гардани шантажист шиканад, бехабар аз он ки ин даъват ва ҳама он сабт аз доме беш нест ва эшон он субҳ худ ба истиқболи мушқапак қадам ниҳода. Муш ҳам ба хотири нафс пойбанди мушқапак мегардад ва инсонҳо ҳам гоҳҳо мутеъи нафс шуда, сари сабзи хеш ба бод медиҳанд, - гуфта ман аз ҷой бархестам, чунки пардаи зулмот бар рӯшнои ғолиб омад.
Мо аз бинои милиса баромадем...





