Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 132 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 132 аз 527 · 2 ноябри 2026

Одил Нодирович ӯро дида лаҳзае лол мондааст ва дар интиҳо худро ба даст гирифта, дар ҳузури котиби якуми ҳизб пурсидааст:
-Омадед?
-Чӣ хеле ки мебинед, муаллим. Мехоҳам ба суоли хеш ҷавоб гирам.
Файласуф бо як мулоиматӣ ба суоли вай посух гуфтааст ва ишора намудааст, ки он суолро аз кадом саҳифаи китоби хондааш гирифтааст ва боз пурсидааст, ки оё посухи гуфтааш шунавандаи закиашро қаноатманд, кунонидааст ё не.
-Ман қоил, муаллим ташаккур ба шумо, - гӯён он марди “донишманд”бо файласуф ва котиб худоҳофизӣ намудааст.
-Устод ҳамин суолро, ки медонистед, пас чаро ба он дар толор посух нагуфтед? Мардуми ба вохӯрии шумо омада чӣ гумон мекунанд? - изҳори нигарони намудааст котиби якуми ҳизби коммунистони ноҳия.
-Ҳар чӣ гумон намоянд, намудан гиранд, - даст афшонида гуфтааст файласуф.
Котиби якум, ки марди дар кураи обу оташ пухтарасида будааст, дар суханони файласуф нимкосаеро дар зери коса дида, бо чӣ илтиҷою таваллое дар интиҳо фаҳмидааст, ки суолдиҳанда на аз “Куръони Маҷид,” балки аз китоби барои мусулмонон мамнуъи сеҳру ҷоду ё худ “Канз-улҳусайн” (“Ганҷи ҳусайнӣ”) ба файласуф суол дода будааст...
“Худкардаро даво нест гуфтагӣ” барин баъди чанде асрори суолдиҳанда низ дар байни мардум ошкор шудааст...
-Ҳамин нуқтаи назаратон беҳтарин далелест дар ҳимояи Шаҳнози Зокир ва агар чунин аст, он рӯз дар куҷое набошад вай бояд ҳадафи ҳуҷуми сохта қарор мегирифт.
-Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ба рафти ҳодисаҳо нигоҳ бояд кард.
-Ҳолатҳои дигареро низ дар ин самт ба назар бояд гирифт.
-Бошад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан