-Ҳамааш ҳамин хел, рафиқ капитан.
-Ягон натиҷае?
-Чӣ хеле гуфтам, мо танҳо вақтро беҳуда аз даст додем.
-Аҳсан!
-Чӣ шумо, маро масхара мекунед?
-Хаёлҳои ботилро аз сар дур созед ва бояд иқрор шуд, ки шумо он кореро анҷом додед, ки тафтишот интизораш буд.
-Чизеро нафаҳмидам.
-Сухан аслан аз даҳони Луқмон хуш аст, - гӯён ман диктофонро бо сабти овози Файз Камол ба назди ваколатдори кофтуковӣ - ҷиноятӣ гузошта, таъқид намудам онро то ба охир гӯш намуда, хулоса барорад ва дигар интизори эътирози Абдурашид нашуда аз дафтари корӣ баромадам...
Баробари аз бинои милиса берун шудан гуруснагиро эҳсос намудам ва ба хулосае омадам, ки то рафъи гуруснагӣ нашиканам, ба дафтари корӣ баргаштанам маъние надорад ...
Соате пас ба коргоҳ баргаштам ва шоҳиди он шудам, ки лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф қисмати охирини суҳбати моро гӯш намуда истодааст. Каломе ба забон наоварда гузашта сари мизи кори нишастам ва тахминан баъди панҷ – шаш дақиқаи дигар муколаммаи мо поён ефт...
-Ба ин худозада чӣ бало расида бошад, ки яку якбора гуноҳашро ба зимма гирифт?
-Ба фикрам тарс.
-Дар бими бало гуед.
-Бале, ӯ дар гирдоби бими бало монда.
-Хуб шуд, ки мо шаъну шарафи коргоҳро ҳимоя карда тавонистем.
-Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби шумост.
-Оё аз назорати телефонӣ ва мукотибави Шаҳнози Зокир ягон натиҷае ҳаст?
-Нест.
-Яъне давидему давидем, вале ба марра нарасидем.
-Баръакс мо ба марра хеле наздик шудем.
-Далел?





