Аз нигоҳи Файз Камол онҳое. ки қасд ба ҷони духтари сарвари корхонаи ЧДММ “Шаҳноз” намуда буданд, ин амалро низ ба души вай бор кардан мехостанд...
-“Андешарониҳоят бад не, қариб мондааст, ки сайди ҳанӯз ба дом наафтидаро пӯст бидарӣ” - шунидам ман овози қалби хешро, вале ин огоҳӣ боиси қатъ намудани андешарониҳоям нашуд. “Таҳлил бошад, таҳлил”- гӯён ман боз ба гирдоби андешаҳо ғӯтта задам...
Ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада ҳодисаи одӣ набуд, чунки онҳое қасд ба ҷонаш намуда буданд, мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани вайро надоштанд, зеро дар чунин масофаи наздик тирро ба пешонаи духтар ҷо намудан мушкилие надошт ва ё шояд онҳо духтаракро огоҳ намуданд, ки “аёс қадри худ бишинос” то ҳодисаи ба сари қиблагоҳаш омадаро аз хаёл дур созаду боиси кушодашавии ҳалқаҳо дар занҷираи муайян нагардад...
Собиқ ронандаро мо не, балки бими бало бо тафтишот ҳамақида намуд. Эҳтимол ӯ дигар бехатарии хешро бе паси панҷара тассавур карда наметавонист ва андешаҳои ботил ҳамеша дунболгираш буданд. Иқроршавии Файз Камол ба парвандаи ҷустуҷӯӣ оиди қасд ба ҷони Шаҳнози Зокир намуда таъсире нарасонд, вале то андозае мо аз ҳолатҳои аслии кор огоҳӣ ёфтем. Маҳз ҳамин амали эшон моро аз узрпурсии бармаҳал раҳо намуд, ки ин беҳтарин падидае дар нигоҳ доштани мақоми милиса буд...
Мурғи хаёлиам баробари қадам ба санҷаи дар гузоштани нафаре, ки омаданашро интизорӣ доштам, аз парвоз монд.
-Бубахшед, ки дер мондам, - баробари ба курси нишастан гуфт Абдурашид.
-Дер ояду шер ояд.
-Эҳ, шер аз куҷо?
-Яъне, ки бе натиҷа?





