пеш нест, вале чун ҳар як фарди мусулмон ба мадади Оллоҳ таоло ниёз доштем…
Дар бозгашт ман ҳам либоси низомӣ ба бар кардам. Бо амри Вадуд ман соҳиби унвони лейтенант гаштам. Ҳарчанд он либос ба танам шинам набуд, вале эҳтироми нозирони роҳро нисбат ба хеш эҳсос намудам. Ниҳоят капитан Қосимҷон сари субҳ маро дар пояи он кўҳи азим фаровард.
Ман боз бо он пайроҳаи шинос бо бист лимон ва каме тўшаи роҳ ба кўҳ баромадам. Дар зер Панҷи ноором мавҷ мезад ва андак хато дар ин пайроҳаи борик хатои охирин шуда метавонист…
Азбаски борам ин дафъа ниҳоят сабук буд, то фарорасии торикӣ ба мавзеи таъинкардаи вохўрӣ ҳозир шудам.
Пешвозгирандагонам танҳо баъди ним соат аз худ дарак доданд. Чун баъдтар фаҳмидам, онҳо ду соат пештар ба ҷойи вохўрӣ ҳозир шуда, ҳама гирду атрофро ба зери назорат гирифта будаанд ва танҳо баъди он ки боварии пурра ҳосил намуданд, ки ман сояе аз қафои хеш наовардаам, аз худ дарак доданд. Онҳо паролро гуфтанд ва ман ба он ҷавоб додам.
Сипас ҳарду маро роҳбаладӣ намуда, то қисми ҳарбие, ки дар деҳаи охирин пойгоҳи хешро дошт, гусел намуданд.
Мо дар ошхонаи қисми ҳарбӣ тановули шом намуда, баъд ба автомашинаи қисми низомӣ нишаста, то худи ноҳия омадем. Дарвозаи қисми низомиро аскаре ба рўямон боз кард ва автомашина бе ягон монеа вориди қисми низомӣ гашт. Яке аз роҳбаладони ман фаромада, вориди биное шуд ва лаҳзае пас гашта омада хабар дод, ки полковник шуморо интизор аст…
Ман бо ҳамон борхалтаи дар пуштам буда, пеш – пеши роҳбаладон ба утоқи корие ворид шудам. Полковник баробари дидани ман ба роҳбаладонам амр кард:
– Вы свободны.
Чун ҳар ду роҳбалад аз дар берун шуданд, ў аз ҷояш бархоста, чанд қадаме ба истиқболам гузошта барои вохўрӣ ба ман даст дод ва гуфт, ки формаи низомӣ ба ман зебанда аст ва сипас пурсид, ки чӣ хел омадам.
Чун ҷавоби мусбии бандаро шунид, маро ба нишастан таклиф кард…





