Маҳз сафари банда ба пойтахт ба он рўзҳое рост омад, ки саг соҳибашро намеёфт. Бинобар он ки синну соли банда ба ҷое расида буд ва торҳои мўйи сафедам худ гувоҳи он буданд, “облава” ҳам барои ман хатаре надошт…
Ниҳоят баъди се рўз ман ба Вадуд телефон кардам.
– Эй бародар, наход дар ҳамин шаҳри орому осуда чор рўз тоқат накунӣ. Мебинам, ки янгаву кўдакҳоро ёд кардаӣ, – гуфт ӯ ва илова кард, ки корҳо ҳама тахт, чун аз он тараф супориш шавад, туро ба ҳамон таги кўҳи бузург бурда мемонем. Бегоҳ боз занг зан, – гуфт Вадуд ва гўшакро ба ҷояш гузошт.
Фикре ба сарам зад, ки наход барои бозгашт ҳам рухсати “боло” ё худ “ставка” лозим бошад ва ниҳоят баъди андешаҳои тўлонӣ ба хулосае омадам, ки ҳама кори ин ташкилоти пинҳонкор, ки мо мафияаш меномем, дар асоси нақшаю чорабиниҳои махсус ба роҳ монда шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ташкилоти мазкур тактика ва стратегияи худро ҳам дошта бошад…
Розигии ташкилоти “болоӣ” барои бозгашти ман баъди даҳ рўз гирифта шуд. Вадуд ба ман бист лимони18 рахашон ношикаста дода гуфт, ки баробари баргаштанам худи полковник бо ман аз рўйи шартнома ҳисобӣ хоҳад кард. Сипас, ў ба Қосимҷон супориш дод, ки то субҳи фардо маро ба пойгоҳи Валвалак расонад.
– Он тарафашро Сангинмурод худат меравӣ, бачаҳо фардо бегоҳӣ туро дар ҳамон ҷойе ки гуселат намуда буданд, пешвоз мегиранд.
Вадуд даст дода бо ману Қосимҷон хайрухуш намуд ва ба мо сафари бехатар орзу карда омин гуфт ва мо ҳам баробари ў даст ба рўй кашидем. Чӣ дунёе, дузд ҳам Худо мегўяду соҳиби гов ҳам. Ҳарчанд мо бо ҳаракатҳои худ садҳо ҷавононро хонасалот мекардем, чунки фурўши нашъаро мақсади неке дар
18
Як лимон – як пачка саддолара ё худ даҳ ҳазор доллар.





