Шабро он ҷо гузаронида, сари субҳ ба бозорчаи деҳа рафтам. Аз чӣ бошад, ки аз «пешвозгирандагонам» хабаре набуд ва банда ба тамошои бозори кўчак, ки барои тамошояш аз се дақиқа вақт зиёд намерафт, пардохтам…
Ниҳоят баъди ним соат аз хонаи рў ба рўйи бозор марди либоси ҳарбипўше баромад. Ман барои ҷалб накардани диққати мардум ҳамоно ба тамошои молу матои бозор машғул будам…
Дар ин деҳаи кўчак одами бегона чун гови ало менамудааст. Баъди лаҳзае ҳамон марди либоси низомӣ дошта, паҳлуи ман қарор гирифта гуфт:
– Бародар, шумо ҳам низомӣ?
– Не, ман духтур.
Баробари шунидани парол ў ба тарафи ман ишора намуд, ки аз қафояш равам. Ниҳоят, баъди даҳ – понздаҳ дақиқа мо аз деҳа берун шудем. Дар паҳлуи осиёби кўҳнаи деҳа, ки кор намекард, автомашинаи «Жигули» меистод. Чун мо пеши «Жигули» омадем, марди дигаре, ки либоси ҳарбӣ ва унвони капитан дошт, аз дохили автомашина берун омад, ки дар бари чапи гарданаш холи сиёҳи моҳгирифта дошт…
– Хуш, ту чӣ хелӣ, духтур?
– Духтури нофкаш.
Ҳамроҳи капитанро ханда гирифт ва баъди лаҳзае пурсид:
– Ака, шумо хирург ё терапевт?
– Ҳардуяш, – ба ҷойи ман ҷавоб дод капитан. Ҳамроҳи ў ҳатто нафаҳмид, ки ин суханони рамзӣ давоми пароли аввала буданд.
– Хуш, бор дар куҷо?
– Дар ҳамон ҷойи таъиншуда.
– Майлаш биё, шин.
Ман аз қафои ронанда - ҳамоне, ки маро аз бозор оварда буд, нишастам. Капитан бошад, дар паҳлуи ронанда ҷой гирифт.
– Ба фикрам, як бори дигар ба Валвалак рафтан лозим мешавад, – гуфт капитан.
– Не, ман намеравам, маслиҳат ин хел набуд.





