– Чӣ хел?
– Ту бояд ба ҳар капитан не, балки ба оне муроҷиат намойӣ, ки дар бари чапи гарданаш холи сиёҳи моҳгирифта дорад.
– Бубахшед, раис ҳам гуфта буд, вале ман фаромўш кардам, – худро сафед карданӣ шудам ман.
– Ана ҳамин хел хатогиҳои одӣ сари чандин ҷавонмардонро ба бод додаааст, додар.
Ман лингчаро аз назар гузаронидам, он ба муҳри қисми низомие маҳкам карда шуда буд.
– Дар ҳолати айён шудани хатар ту пеш аз ҳама, бояд ҳамин муҳрро нобуд созӣ, – таъкид кард мусоҳибам.
– Рафту ман яку якббора хатарро ҳис накунам –чӣ?
– Ҳис мекунӣ, фақат одами аз ақл бегона хатарро ҳис намекунад ва то ҷойе, ки мо медонем, ту чанд соли ҳаётатро берун аз озодӣ гузаронидаӣ.
– Маълум мешавад, ки аз ҳаёту фаъолияти банда пурра хабар доред?
– Набошад чӣ. Охир дар байни ҳафт нафар довталабон танҳо “номзад”-и худат гузашт ва, ба боварӣ сазовор шудан шарт аст.
– Кўшиш мекунам, рафиқ…
– Гирифтани ному рутба лозим нест ва хуб мешуд, ки минбаъд ҳам ҳамин гапи маро фаромўш намекардӣ.
Ниҳоят ман лингчаро пушт карда ба кўҳ баромадам.
Гуселкунандагонам то аз назар пинҳон шуданам аз қафоям назорат намуданд. Баъди ҳашт соат ман ба ҷойи таъиншуда расида, лингчаро пинҳон намуда, аз он ҷо хело дуртар рафтам ва болои майсазорон дароз кашида, торикшавии рўзро интизор шудам. Баробари фарорасии торикӣ бо азобе аз кўҳи Валвалак поён омадам ва ба деҳа рафтам.
Эҳтимол дар ҷаҳон чун тоҷикон миллате меҳмоннавозтар набошад. Ман чун ба дари хонаи аввалин ангушт задам, соҳибхона марди тахминан панҷоҳ – панҷову ду сола дарро ба рўям кушода, бе ягон пурсиш маро ба хона таклиф кард ва фотеҳае хонда, бори дигар хайрамақдамам гуфт.





