Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 370 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 370 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Соате пеш дар ҳамин ҷо мо бо нафаре суҳбат доштем, ки шуморо чун шоҳиди қалбакӣ барои рўйпуш намудани амалҳои ғайриқонуниаш ҷалб намуда буд.
-Оё, гуфтанӣ нестед, ки ў ҳамаи нишондоди бандаро инкор намуд.
-Дар ин бора Фотима Амон ҳатто каломе ба забон наовард, балки ба тафтишот кушоду равшан фаҳмонида дод, ки саҳми шумо дар амалиётҳои анҷомдодаи вай ниҳоят хоксорона баҳогузорӣ карда шудааст.
-Чӣ хел хоксорона?
-Бояд гуфт, ки аз кадом паҳлуе ба рафтору кирдори шумо назар накунем, мақсади аслиатон бараъло намоён аст.
-Хуш, мақсади ман чӣ будааст?
-Вақте ки инсон дидаю дониста ба дигар кас заҳр медиҳад, ўро ба ҷуз ба ҳалокат расонидани нафари дигаре боз чӣ андеша дар сар буда метавонад.
-Оё намегўед, ки чаро бандаро чунин андеша ба сар омада будааст ва ман киро бояд ба ҳалокат мерасонидам?
-Албатта, на он ду нафареро, ки аз заҳри додаи шумо Фотима Амон ба он дунё фиристод.
-Пас, кӣ будааст нафаре, ки банда қасд ба ҷонаш намудаам?
-Он кас шавҳари Фотима –Муҳиб.
-Чаро ман бе асос қасд ба ҷони вай мекардам ва агар шумо ин қадар маълумот ба даст оварда бошед, бояд донед, ки ман Муҳибро чун бародар...
-Шуд, шуд, - фақат бародар нагӯед, ки ҳам худ ва ҳам мо шунавандагони каломи ба забон овардаатонро гунаҳкор месозед.
...
-Гап занед, чӣ тавр шумо як марди солор тавонистед кӯшиш ба харҷ диҳед, то нафареро, ки бе ин ҳам дар зиндагӣ ҳама чизро гум кардааст, барои муҳаббати ҳамсарашро ба даст овардан ба марг ҳукм намоед?
-Чӣ ман ба Фотима заҳр дода таъкид намудам, ки рафта ҳамсаратро кушта биё?
-Баръакс, шумо дар ин бора каломе ба забон наовардаед, вале чун зан аз зиндагии талхаш шикоят намуд ва худро чун модагург далеру нотарс гирифта, дар наздатон ашк рехту баъд ёфтани заҳреро, ки шумо худ муаррифгараш будед, аз шумо талаб кард, ҳатто напурсидед, ки ин заҳри ҳалоҳил ба ў чӣ лозим?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан