Барои ҳамчун шоҳиди қалбакӣ баромад кардан ба вай, ки ба таври ғайримустақим ҳам бошад, дар ҷиноят даст дошт, осон набуд, вале худкардаро даво нест... Барои дар соя мондани худаш ў таклифи маро пазируфт. Дигар чӣ шуду чӣ не, шумо медонед.
Бубинед, ба хотири муҳаббат ман ба чӣ амалҳое даст назадам, вале Муҳиб инро нафаҳмид ва ба гумон аст, ки фаҳмида тавонад. Бовар намоед, маро ҳеҷ гоҳ ҳавои ишқи дигаре дар сар набуд ва нахоҳад шуд. Агар заррае аз доираи одоб ҳам баромада бошам, танҳо ба хотири муҳаббати беолоиши худ ва ситонидани қасди хеш аз онҳое баромадам, ки нафари ба ҷон баробар, не, не дурусттараш аз ҷон беҳтарамро, ба аробачаи маъюбӣ шинонда буданд. Боқӣ ихтиёр шуморост,-гўён Фотима Амон сар ба зер афканда хомӯш шуд. Баъди шиносоӣ ба нишондодаш ва имзо намудани протоколи пурсиши гумонбаршуда муфаттиш ўро боз ба ИВС фиристод...
... 23 ...
Азбаски ҳама нишондоди Фотима Амон шарҳу эзоҳи махсусро талаб мекард, соате пас аз ба ИВС фиристондани ҷавонзан мо дубора шоҳиди қалбакиро барои пурсиш даъват намудем. Одам шири хомхӯрда гуфтани мардум бе сабаб набудааст, вагарна кӣ дидааст марди сиюпанҷсолаеро, ки ба хотири се - чор бўсаи сарироҳӣ худро дар хуни ду нафар шарик намояд. Акнун нафаре, ки тафтишотро ба иштибоҳ андохтан мехост, худ дар торҳои танидааш дармонда, дар рў ба рўйи муфаттиш нигоҳашро аз фарш наканда, хомӯш менишаст.
-Дирўз мо дар атрофи ҳаракатҳои ғайриқонунии шумо, ки тафтишотро ба иштибоҳ андохтан мехостед, хеле ҳарф зада будем ё нагуфта будем? - пурсид Нӯшини Азиз баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки нишондоди иловагиро талаб мекарданд.
-Ҳа, гуфта будед ва банда гуноҳамро пурра ба гардан гирифта будам, - нигоҳашро аз фарш наканда посух дод Саид Забир.





