Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 358 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 358 аз 499 · 2 ноябри 2026

То ҷое иттилоъ доштам, дозаи баландтари ардуан касро ба чунин ҳолат мерасонидааст. Ман ўро танҳо дар аробачаи маъюбӣ дидан мехостам ва афсўс бар он мехӯрам, ки кор чунин ранг гирифт.
-Шояд ба ҳамин қисмати нишондодатон бовар мекардем, агар...
-Агар чӣ?
-Агар дуюмбора ҳамон амалатонро такрор намекардед.
-Чиро дар назар доред?
-Гап дар сари он меравад, ки баъди чанд рўз собиқ роҳбари ширкати сохтмонии “Фаришта” айнан дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз чунин намуди дору ба ҳалокат расид.
-Гумон доред, ки вайро ҳам ман...
-То кунун не, вале агар шумо шахсияти нафареро, ки аз ў ардуанро гирифтаед, пинҳон доред, барои ҳодисаи дуюм ҳам ҷавоб доданатон лозим меояд.
-Вай ҳамон нафарест, ки то кунун мо дар атрофи ному насабаш суҳбат намудем.
-Ном ва насабаш?
-Ў ҳамон шоҳиди қалбакист.
-Инсонҳоро бо ному насабашон мешиносанд .
-Номаш Саид, насабашро намедонам.
-Акнун мегуфтед, ки он доруро кай ва дар куҷо аз вай гирифтед?
-Чанд моҳ пеш ҳамсарам Муҳиб ба беморхона афтид ва кадом як хеши Саид ҳам дар ҳамон беморхона ҳамроҳи Муҳиб дар як палата табобат мегирифт ва ҳангоми аёдати беморон мо дар ҳамон ҷо шинос шудем. Ҳамин хел шинос бе ягон андешаи дур. Чун Саид ҳар рўз ба аёдати хешбачааш меомад, бо Муҳиб ҳам риштаи дўстӣ пайваст. Муҳиб ҳоло ҳам бар он андеша аст, ки то кунун чун Саид марди хушсуҳбатро надидааст. Баъдтар ў ду-се маротиба ба хонаамон ба дидорбинии Муҳиб омад. Чун Саид марди суҳбаторо буд, боре, Муҳиб аз рўзгори гузаштааш пурсон шуд. Саид гуфт замоне дар вақти нооромиҳои кишвар аз рўйи нофаҳмӣ яроқ ба даст гирифт ва аз он амалаш ҳоло ҳам пушаймон аст. Нақл кард, ки нооромиҳои кишварро дар хориҷа тарҳрезӣ менамуданд ва ҳатто ному насаби нафареро ба забон овард, ки тариқи ким-кадом як заҳри бо худ овардааш чандин нафаронеро, ки дар нисбати ҷабҳаи мухолифин садо баланд мекарданд, чун ҳиндуҳои амрикоӣ (апачҳо) ноаён аз байн мебардошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан