Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 357 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 357 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Доруи беҳушкунанда, ҳамоне ки ҳангоми ҷарроҳӣ истифода мебаранд.
-Номи доруро мегуфтед?
-Ардуан. (Ин доруест аз гурўҳи миорелаксанҳо).
-Вале ташхиси анатомию патологӣ нишон дод, ки ронанда ё чӣ хеле шумо мегӯед, судя тариқи заҳри кадом як мори африқоӣ ба ҳалокат расонида шудааст.
-Бовар намоед, ман ба шоҳраги гардани судя аз доруе задам, ки дар болояш “ардуан” навишта шуда буд.
-Он доруро аз куҷо гирифтед?
-Як шиносам дод

  • Ному насабаш?
    ...
    . -Чаро ба даҳон об гирифтед?
    -Хайр нависед, ки ман онро ёфтам.
    -Аз куҷо?
    -Аз ягон ҷое, ки ба ҳақиқат наздик бошад.
    -Яъне, бандаро низ бо худ бурданиед?
    -Ба куҷо?
    -Ба зиндон.
    -Аз ба зиндон бурдани шумо ба ман чӣ суд?
    -Пас агар чунин аст, ному насаби нафареро ба забон оваред, ки он доруро ба шумо додааст.
    -Агар ман номи вайро гуфтан нахоҳам чӣ?
    -Ин ғайриимкон аст.
    -Чаро, охир ман гуноҳро пурра ба зимма гирифтам боз, чӣ мехоҳед?
    -Мехоҳем донем, ки он заҳр чӣ хел ба дасти шумо расид.
    -Магар ин ягон ҳолати корро тағйир медиҳад?
    -Беҳтар мебуд, ки шумо ба суол ҷавоб медодед. Дар бораи суоли додаатон бошад ҳаминро гуфтаниам, то ҳанўз хатари он заҳре, ки шумо ба даст оварда будед, бартараф нашудааст. Шуморо лозим мешавад, ки ҳатто ҳамон флакони истифодабурдаатонро низ ба тафтишот пешниҳод намоед.
    Шумо на дар ҳолате қарор доред, ки ба тафтишот ултиматум пешниҳод намоед.
    -Аслан, ман нияти куштани судяро надоштам. Мехостам замоне ўро низ чун ҳамсарам дар аробачаи маъюбӣ бубинам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан