Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 340 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 340 аз 499 · 2 ноябри 2026

Аз рўйи маълумотномаи муассисаҳои тандурустӣ дар маҷмӯъ бисту ду нафар пурра табобат гирифта, ба қавле ба саф баргаштанд, ба ҷуз як нафар.
-Хуш, кӣ будааст нафаре, ки шифо наёфтааст ва агар шуморо дуруст фаҳмида бошем, шумо маҳз аз ҳамин нафар домангиред,-гуфт Нӯшини Азиз.
-Ўро Муҳиб Амон ному насаб аст ва бинобар захм бардоштани сутунмуҳрааш пойҳояш аз кор мондаанд ва акунун пойбанди аробачаи маъюбист. Як писарбачаи сесола дорад. Ба таври дигар гўем, писарбача баъди ҳашт рўзи фоҷиа ба дунё омадааст. Дар бораи муҳаббати Муҳиб Амон ва ҳамсараш Фотима ҳақу ҳамсояҳо он қадар қисса ва ривоятҳо медонанд, ки ҳисобаш нест... Маҳз муҳаббати мард занро умрбод аз муҳаббати волидайн дур сохта.
-Барои кадом гуноҳаш? - пурсид нозири минтакавӣ Хайриддини Сайдумар.
-Барои бе розигии падару модар аз пушти Муҳиб Амон рафтанаш.
-Афсӯс ки мо то ҳанўз аз доираи хурофот берун нашудаем, - гуфт Воҳид Камол.
-Чаро шумо гумон доред, ки Фотима дар ин ҷиноят даст дорад? - пурсид Нӯшини Азиз.
-Ҳарчанд дар ин ҷода ҳанўз таҷрибае наандӯхтаам, вале аз қисса ва достонҳо хондаам, ки кулли инсонҳои наҷиб муҳаббатро чун ҷазо ва сазои хеш аз даргоҳи Офаридгор талаб намудаанд ва агар чунин аст, мо бояд ба рўзгори нафаре, ки ба хотири муҳаббат шуда, дари хонаи падарро ба рўяш бастааст ва дасти шахшули зиндагӣ дар айни парвози кабӯтари ишқаш тирро дар қалбаш ҷо намуда, дигар сарашро ба куҷо занад, ба ҷуз оне, ки қасди хеш аз зиндагӣ бозгирад.
-Аслан ҳамаи андешаҳои шумо қобили қабуланд, агар...
-Агар чӣ?
-Агар мегуфтед, ки чӣ тавр ҷавонзан заҳри мори бумслангро ба даст овардааст? - бори аввал ба суҳбат ҳамроҳ шуда пурсидам ман.
-Намедонам, вале боварӣ дорам чун вайро боздошт намоем, парда аз рўйи ин асрор хоҳем бардошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан