Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 339 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 339 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дар нисбати се нафари гурўҳи чорум чӣ гуфта метавонед? - пурсид муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз.
-Нафаре, ки 60 - сола будааст, вазифаи имомхатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъро ба душ доштааст. Фарзандонаш ҳам аз дину диёнат дур нестанд ва ҳамаи фавтидагони ҳодисаи мазкурро ҳамчун шаҳид арзёбӣ намуданд. Аз ҳамин лиҳоз, домангир будан аз аҳли оилаи нафаре, ки эътиқодашон ба дин ниҳоят мустаҳкам аст, маъние надорад. Нафари дуюм 71 - сола буда, ҳангоми интиқол доданаш ба беморхона ҷон додааст.
Чун ҳангоми интиқол доданаш ҳанўз ба ҳолати беҳушӣ наафтида будааст, аз пайвандонаш хоҳиш намудааст, ки аз касе домангир нашаванд, чунки ҳарчи ба сараш омадааст, ин сарнавишти азалист ва нафаре, ки ба тақдири азали шак меорад, аз аҳли биҳишт буда наметавонад. Аз ҳамин рӯ, ҳамчун фарди мусалмон пайвандонаш наметавонанд бар хилофи хоҳиши нафаре, ки чунин андешаҳои некро дар лаҳзаҳои охири умраш ба забон овардааст, рад намуда, дар хуни нафаре дастони хешро олуда созанд. Нафари сеюм ин марди 76 - сола буда тайи ду соли пеш аз ин ҳодиса бистарӣ шуда ва ҳамеша даст ба дуо бардошта, аз Офаридгор гирифтани амонаташро талаб доштааст. Боқӣ қазоват аз шумост, - гуфт Шукрихудои Шариф.
-Рафиқ лейтенант, дар нисбати пешниҳод ва андешаҳои шумо шубҳае нест, вале бояд дар хотир дошта бошед, ки ҳақиқатро танҳо баҳс муайян мекунад, бинобар ин беҳтар мебуд агар шумо нақшаи ҳуҷумро аз самти муқобил низ ба самъи ҳозирин мерасонидед. Танҳо дар қиёс мо метавонем аз рўйи вазъи ба вуқӯъомада некро аз бад ҷудо намуда, қилро аз хамир берун орем. Ё аҳли нишастро ҳавои дигарест бар сар? - пурсид Воҳид Камол.
-Дуруст, ки бе қиёс мо ба хулосае омада наметавонем, - гуфт сарвари гурўҳи тафтишотӣ.
-Чӣ хеле шумо огоҳӣ доред, ба ҷуз фавтидагон боз беш аз бист, аниқтараш бисту се, нафари дигар, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд, ки дар байни онҳо панҷ нафарашон шомили ду оила аз гурўҳи якум буданд. Дар рафти санҷиш муайян намудам, ки 18 нафари боқимонда аъзои ҳафт оилаи дигаранд. Ба таври дигар гўем, аз як оила панҷ нафар ва аз оилаҳои дигар се, ду ва ҳатто як нафар.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан