Новобаста аз он, ки Замир Собир ва Мухтор Саттор тариқи заҳри овардаи араби ба ҷиҳод омада заҳролуд шудаанд ё не, вале акнун мо боварӣ дорем, ки замоне заҳри ин мори тарсуи африқоӣ бо номи бумсланг дар ин минтақа ҳам гардиш намудааст.
Шукргузории Воҳид Камол суханони бобоямро дар атрофи каломи мудири шуъбаи иҷтимоии ноҳияи Ванҷ бобои Шомалах дар супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ рўи саҳнаи хотирам омад.
...Дар аввали солҳои 70-уми қарни бистум собиқ иштирокчии ҶБВ бобои Шомалах бо тавсияи ёру дўстонаш ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисоди шуъбаи ғоибонаи УДТ супорид. Чун имтиҳони аввал аз фанни ҷуғрофия буд, аз довталаб хоҳиш намуданд, ки дар харита минтақаҳоеро нишон диҳад, ки захираи тилло дорад. Довталаб ишорачӯб дар даст назди харитаи дар девор овезон лол меистад. хомӯшии вайро дида, муаллим суолро дигарбора такрор намуда, аз довталаб дар харита нишон додани онро талаб кард.
-Рафиқ муаллим, солҳост, ки геологҳо дар Сағирдашт тилло мекобанд, вале ҳеҷ не ки онро ёбанд, пас ман онро аз ин девори қоқ (сахт) аз куҷо ёфта, ба шумо нишон диҳам?
-Баҳоят 2.
-Раҳмат муаллим: 2 ҳам баҳост, ҳаминашро ҳам намемондед, чӣ мекардам? - гуфтааст довталаб, ба самти дар ҳаракат карда истода...
-Хуш чаро ба фикр фурў рафтед? - сукунати бандаро дида пурсид Воҳид Камол
-Аз рўйи суханони шумо дар атрофи дақиқияти илм андеша дорам.
-Бовар намекунам.
-Чаро?
-Воридшавӣ ба ҷаҳони ботини инсон корест ниҳоят мушкил, вале агар шахс мушоҳидакор бошад, метавонад ба кадом тараф майл доштани самти андешаронии мусоҳибашро муайян созад. Ҳамагуна андешаронӣ дар атрофи илмҳои дақиқ, хусусан ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо фоиз, ҷиддиятро талаб мекунад на табассуми малеҳро.





