Ғаллаи дар анборҳо буда, чорвои дар фермаҳо бударо ба нафарони муҳтоҷ надода, то омадани силоҳбадастон ҳифз намуда, сипас чун дастагули беқурбе нисори қудуми онҳое намуданд, ки дар сангар ба муқобили Ҳукумат меистоданд ва чун оромию тинҷӣ шуд, ниқоби дигарро ба рўйи кашида, ҳама гуноҳро ба сари силоҳбадастон бор карда, аз худ фаришта тарошида, боз савори сафинаи сафед шуда, дигарбора чун ҷонфидои миллат ба равиши об бел задан гирифтанд. Ана ман борҳо бо чунин нафарони манфур рў ба рў омадам, вале боре ҳам тайи ин солҳо Намоз Хаёл аз сари роҳам набаромад, ҳарчанд орзуи дидорашро ҳам доштам. Шояд Худованд ўро ба ҳамон самте мебарад, ки нооромист. Бемуҳобот гуфта метавонам, ки агар ман дар давоми умр се марди бузургро вохўрда бошам, як нафараш ҳамин Намоз Хаёл аст, агар ду нафарро вохўрда бошам, як нафараш ўст ва агар як нафарро вохўрда бошам, ин худи ўст,- гуфт собиқ сарвари милисаи ноҳияи Сароб Ҳамид Ҳомид ва мо худоҳофизӣ намудем...
... 17 ...
-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳамин, рафиқ полковник.
-Набошад, ба ҳаминаш ҳам шукр.
-Шукрона ба кадом хотир?
-Шукрона ба хотири сатҳи баланди дониши тахассусии ташхисгарон, чунки онҳо маҳорати касбӣ - назариявии хешро дар амал собит намуданд. Бояд иқрор шуд, ки ман ба хулосаи ташхис шубҳа доштам, гумон доштам шояд судяро бо заҳри кадоме аз морҳои минтақа заҳролуд намуданд, вале Ҳамид Ҳомид бо каломи ба гўшаи фаромўшӣ додааш акнун бандаро бовар кунонид, ки дараҷаи баланди илм метавонад эҳтимолияти ҳама гуна ташхисро то сатҳи 99,99 фоиз наздик намояд. Қотил ҳам дар кори хеш усто будааст, бубинед аз заҳри море истифода бурдааст, ки дар як қитъаи калонтарини олам онро ёфтан имкон надорад.





