Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай якчанд сония дар ҳамин ҳолат истод; дар миёни хомӯшӣ фақат гоҳ-гоҳ садои фирик-фирик шунида мешуд, ҳамчуноне ки саг фириккос мезад ва марди ирландӣ онро ба гумону шубҳаҳои худ ҳамчун ҷавоби мусбат мешумурд. Ин садо кайфу ҳузури нӯшокии баланди хушбӯро ифода мекард.

Аммо ин фақат як муддати кӯтоҳ ӯро ором кард; таки шиша то рафт баланд ва даҳони он бо ҳамон суръат рост ба ҷониби лабони дарозкарда хам мешуд.

— Арвоҳ занад! — дуздида ба дар нигариста боз як бор хитоб намуд марди ирландӣ.— Чисму ҷонам дар муқобили бӯи форами ин вискии хуштаъм тоб оварда наметавонад — чи тавр таъмашро чашида набинам! Ҳеҷ гап не! Барои тар кардани нӯги забон, фақат як чакра ба даҳон мегирам. Шояд, забонамро сӯзонанд... хайр, зарар надорад...

Ва даҳони шиша ба лабони бархӯрд; вале, зоҳиран, мақсад «аз чакрае ба даҳон гирифта нӯки забонро тар кардан» дигар буд, ки садои кул-кули камшавии моеъ шунида шуд ва ин аз он шаҳодат медод, ки аз афташ, марди ирландӣ қарор додааст, ҳалкум ва ҳатто ҷигарашро дурустакак тар кунад.

Аз ҳаловат якчанд маротиба лабонашро чалпос занонда, даҳони шишаро бо пука маҳкам кард ва онро ба ҷояш гузошта, аз нав ба чорпоя нишаст,

— Ух, Тараи пири маккор! Ту маро васваса кардӣ. Хайр, ҳеҷ гап не, хоҷа намефаҳмад. Аз ду сар ба наздикӣ ба калҷа меравад ва навашро оварда захира мекунад.

Марди ирландӣ якчанд дақиқа хомӯш нишаст. Кӣ медонад, ки ӯ аз кардани худ фикр мекард ё аз таъсири май нашъа мебурд.

Дере нагузашта ӯ боз ба гап сар кард:

— Чаро якзайл дили мастер Морис ба посёлка кашол? Ӯ гуфта буд, ки мустанги гули бодомро доштан ҳамон ба он ҷо меравад. Ва ин аспак чаро яку-якбора ба вай даркор шуда монд? Ин бе гап не. Се бор мешавад, ки хоҷа ӯро думболгирӣ карда, аргамчинро ба гардани он махлуқи ваҳшӣ партофта натавонист, — ҳол он ки худаш ба аспи турук савор буд! Мегӯяд, ки афтида майда-майда шавад ҳам, ӯро дастгир мекунад, ба худо! Кошки тезтар дастгир мекард, мабодо боз ману ту то рӯзи қиёмат дар ҳамин ҷо нишаста намонем... Чим! Дар он ҷо кист?

Ин садо аз он сабаб нохост аз даҳони марди ирландӣ баромада монд, ки Тара аз рӯи пӯстак ҷаста хест ва аккосзанон ба сӯи дар тохт.

пешина
аз 509
навбатӣ