Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ V

КУЛБАИ ШИКОРЧИИ МУСТАНГҲО

Дар он ҷое, ки Рио-де-Нуэсес (Дарёи чормағз) аз садҳо дарёча ва ҷӯйчаҳо оби худро ҷамъ карда, ҳамчун шоҳҷаҳои дарахти азим картаро хат-хат кардаанд, ҷойҳои хушманзар воқеъ гардидаанд. Ин дашти пур аз теппаю тале мебошад, ки дар он бешазорони дарахтони булут ва чормағз ба таври пароканда воқеъ гардида, қад-қади соҳилҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо ба ҷангалзорони сабзи яхлухт ҳамроҳ мешаванд.

Ҷо-ҷо ин бешазорро паттазорони анбӯҳ иваз мекунанд, ки дар байни акоқиёҳои гуногунхел дарахти баласони копай, буттазори креозоти, уди ҳиндии ёбоӣ рӯидаанд; дар он ҷо растании аҷибу ғариби цереус, кактусҳои гуногунхел ва юккаи дарахтшаклро низ дидан мумкин аст.

Ин растаниҳои хордор марди деҳқонро шод намекунанд, зеро одатан онҳо дар замини камқувват мерӯянд; аммо барои табиатшинос ва дӯстдори табиат дар ин ҷо чизҳои бисёри ҷолиби диққат ҳастанд — хусусан вақте ки цереус гулҳои калони муммонандашро мекушояд, ё худ фукперо аз буттаҳо баланд қад кашида, тоҷгули сурхи зебои худро ҳамчун байрақи кушода ҷилва медиҳад.

Вале дар он ҷо низ ҷойҳои ҳосилхез ҳаст, ки дар замини оҳакдори сиёҳҳокаш дарахтони қадбаланд мерӯянд ва баргҳои бошукӯҳ доранд: дарахти собуни ҳиндӣ, гикорӣ¹, зирфун, якчанд хели булут, дар баъзе ҷойҳо дарахтони сарв ва шамшодро дидан мумкин аст; дар ин беша тамоми анвои ранги сабз тобида меистад ва онро инсофан ниҳоят зебо номидан мумкин аст.

Оби ҷӯйҳои ин ҷо булӯр барин соф мебошанд — онҳо кабудии ёқутмонанди осмонро дар худ акс мекунанд. Абрҳо қариб ҳеҷ гоҳ офтоб, моҳ ва ситораҳоро намепӯшонанд. Дар ин ҷо чӣ будани касалиро намедонанд — ягон бемории сирояткунанда дар ин ҷойҳои саодатманд нуфуз накардааст.

Вале одами мутамаддин ҳанӯз дар ин ҷо муқимӣ нашудааст ва мисли пештара танҳо команчиҳои² сурхпӯст аз пайраҳаҳои печ дар печи бешагӣ мегузаранд ва ин ҳам фақат ҳамон вақте

1 Гикорӣ — дарахти чормағзи американ.
2 Команчӣ — қабилаҳои ҳинду.

пешина
аз 509
навбатӣ