Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
АБУЛҚОСИМИ ЛОҲУТӢ
(1887-1957)
Абулқосими Лоҳутӣ зодаи маҳаллаи Барзадимоғи шаҳри Кирмоншоҳи Эрон мебошад. Падараш Аҳмад марди бофарҳанге буда, ба касби гевакашӣ (ҷоруқдӯзӣ) машғул буд. Мавсуф бо тахаллуси «Илҳомӣ» шӯҳрат дошта, шеърҳои тасаввуфӣ менавиштааст. Аҳмади шоирро бо номҳои «усто Аҳмад», «Мирзо Илҳом», «Ҳакими Илҳомӣ» низ мешинохтаанд. Абулқосим саводи ибтидоиро дар мактаби деҳаи Барзадимоғ ва дар назди падараш баровардааст. Тангии рӯзгор ва душвории маишати оила Абулқосимро маҷбур кард, ки бармаҳал таҳсилро қатъ намуда, чанде дар дӯконҳои челонгарӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ чун шогирд фаъолият намояд ва ба ҳунари гевакашӣ низ машғул шавад. Дар як вақт Абулқосим ба тавассути падараш ба омӯхтани осори Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз барин суханшиносони ҷаҳонӣ машғул мешавад ва ба муҳити адабии Кирмоншоҳ ошной пайдо мекунад. Абулқосим дар ин муҳит ҳунари шеъру шоириро омӯхта, худ низ ба шеъргӯй оғоз менамояд.
Ҷараёнҳои гуногуни мазҳабии давр чун “Баҳоия”, “Неъматуллоиҳо” дар тарғиби ғояҳои худ аз истеъдоди фитрии ва маҳорати шоирии Абулқосими Лоҳутӣ истифода бурданӣ мешуданд. Ниҳоят, соли 1904 ташкилоти “Одамият” Лоҳутиро барои таҳсил ба Теҳрон мефиристад. Таҳсили Лоҳутӣ дер давом накард. Дар зери таъсири инқилоби солҳои 1905-07-и рус Эронро низ муҳити инқилобӣ фаро гирифт ва Лоҳутӣ аз эҷоди шеърҳои тасаввуфӣ даст кашида, ба инқилобиёни Эрон ҳамроҳ шуд. Лоҳутӣ дар ибтидои ҳаракати машрутахоҳии мардуми Эрон бовар дошт, ки эълони машрута (соли 1907) ва интихоб шудани аъзои маҷлиси миллӣ вазъияти мамлакатро беҳтар мекунад. Дере нагузашта аз тарафи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё