Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
равона карду ҳар яке эшонро бо номашон гирифта ба танқид пардохт. Аз рӯи нутқҳои бемазмунаш маълум шуд, ки гӯё ягонтои ин олимон, ки аъзои комиссия буданд, саводе надоштаанд. Аз рӯи ҳарфҳои Диброва гӯё ҳамаи эшон миллатгаро будаанду одамони қадимаи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд.
-Одним словом, все они дураки, они не педагоги они, а настоящие нацисти, - гуфту суханашро ба таври худаш ба анҷом расонид.
Баъдан дигар масъулини маориф низ маро сабабгори асосии қабул шудани ин лоиҳа унвон карда, ҳар чӣ аз даҳонашон баромад гуфтанд. Баҳсу мунозира ба суди рафиқона табдил ёфт. Ҳар мудир аз ҷояш мехесту ҳар сухани носазо, ки медонист, дар ҳаққи ман ва дигар аъзоёни комиссия гуфт. Аз хотирам ҳеҷ гоҳ намеравад, ки мудири кӯдакистони заводи "Кимё" Епачинсова Л.Н. аз ҷояш боло шуду бо хашму ғазаб чунин гуфт:
-Ту омӯзгор нестӣ, касе, ки туро омӯзгори насли наврас номид, худаш аҳмақ аст. Бо ин бесаводият ту чӣ гуна ба аъзогии комиссияи вазорат дохил шудӣ? Кори ҳисобчигиатро кардан гир, кадом аҳмақ туро ба ин вазифа овард. Агар ту виҷдон дошта бошӣ, баъди мубоҳисаи имрӯза бо тезӣ аз вазифаат рав.
Епачинсова бо дуруштӣ сухан мегуфту масъулини шӯъбаи маорифи ноҳия, раёсати заводи металлургӣ ва дигар мудирони русзабон ва инчунин Фариза Савриддинова мудири кӯдакистони №41 бо аҳсанту офарин ҳарфҳои ӯро ҷонибдорӣ карданд. Ман беист ашкам рӯямро мешусту гулӯямро чизе хафа мекард, ки ҳеҷ каломе гуфта натавонистам. Дигар 5 нафар мудирони тоҷикзабон ба даҳонашон об гирифта на маро ҷонибдорӣ карданд ва на ба ҳарфҳои дигар ҳаммаслакони Диброва ҳамовозӣ карданд. Маълум буд, ки дар иҳотаи ин гуна афроди худношиносу миллатбезор ин бечорагон ҳам чизе наметавонистанд гӯянд. Зеро гурӯҳи тоҷикбезорон аксариятро ташкил медоду мо акаллиятро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё