Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
низ мисли дигар ҳаммаслаконаш баҳонаву пайт мепояд, то баҳонаи ҷанҷолу пархошро бо ман ёбад.
21-уми августи соли 1991. Ҳавои тамузи тобистон. Субҳ, ки насими форам мевазид, аз хоб хеста рӯйи ҳавлиро давр задам. Баъд аз адои намози бомдод, рубӯчинамро ба итмом нарасонида будам, ки шавҳарам аз хона маро ҷеғ зад. Аз сухани шавҳарам фаҳмидам, ки кадоме занг зада маро мепурсад. Чорӯбро як сӯ ҳаво додаму шитофтам. Гӯширо гирифтам, ки аз ҳукумати ноҳия кадоме бо тунду сардӣ "муаллима, имрӯз соати 10.00 дар заводи "Кимё" ҷамъомади мудирони кӯдакистон баргузор мегардад, ҳатман ҳозир шавед",-гуфту гӯширо гузошт. Ҳатто худро шинос накард. Гумон кардам, ки хабари бардурӯғ. Аз миён даҳ дақиқа нагузашта аз шӯъбаи маориф низ занг зада хабари ҷамъомадро расониданд. Итминон ҳосил кардам, ки хабар дуруст будааст. Баъди ин ду маротиба аз заводи металлургӣ низ зангам зада, хоҳиш карданд, ки ҳатман бояд соати 10.00 ҳозир шавам.
Ҳайронам афзун шуд, ки чаро пештар ҳатто маро огоҳ намекарданду инак, дар як субҳ чаҳор маротиба даъватам карданд. Барои мӯшикофии ин суол дигар посух наҷустам ва эътибор ҳам надодам. Аммо аз чӣ бошад, ки чашми чапам мепаррид. Чун ҳар рӯз ба кӯдакистон омадам. Тибқи маъмул тартиби кори мураббиягон ва гурӯҳҳоро аз назар гузаронидам. Расо соати 10.00 ба маҷлисгоҳи заводи "Кимё" ҳозир шудам.
Дар семинар 25 нафар мудирони кӯдакистон ҳузур доштанду халос. Аз ин мо 6 нафар мудирони тоҷикзабон, боқӣ ҳама мудирони рус буданд. Масъулини ҷаласа кормандони шӯъбаи маориф буданд. Баъди шинос шудан бо барномаи маҷлис дарк кардам, ки сабаби ҷамъ шудани мудирони кӯдакистонҳо ба хотири шиносшавӣ бо лоиҳаи концепсия оид ба тарбияи миллии томактабӣ будааст. Ин лоиҳа чанде пеш дар рӯзномаи "Омӯзгор" дарҷ гардида буд. Аз ваҷоҳати масъулини шӯъбаи маориф ва мудирони русзабон пай бурдам, ки хеле андӯҳзада шудаанд. Зеро дар лоиҳа ишораи асосӣ барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллӣ талаб карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё