Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Аммо хастагии зиёди рӯҳиро ин лаҳза дар вуҷудам эҳсос кардам. Дарк кардам, ки дилам андак нотоб шудааст. Зеро ҳам таълифи китобу ҳам пешбурди кори кӯдакистон ва ҷанҷоли бемаънии иттифоқи касаба ва дигар масъулини раёсати завод маро хеле рӯҳан заиф гардонида буд.
Бо вуҷуди ин тамоми имкониятро истифода бурда, дар тарбияи кӯдакистон равияи тарбияи бедор сохтани рӯҳияи миллӣ ва ба дараҷаи қаноатбахш ҷорӣ кардани забони тоҷикӣ дар коргузории кӯдакистонро ба роҳ мондам. Мақсади ман ҳамоно ошно сохтани кӯдакон бо тамаддуни бисёрҳазорсолаи бою рангин ва дар ботинашон фурӯзон сохтани худошиносиву худшиносӣ буд. Аммо боз ман "хато"-еро мубтакир шудам, ки баъдан дарк кардам. Ин кори ман боз бар сари худам оби ҷӯшро рехт. Зеро бо ҷорӣ кардани тарзу усули миллӣ дар кӯдакистон Ольга Петрова ва дигар ҳаммаслаконаш бештар аз пештар хурӯшиданд. Эшон пештарҳо ҳар лаҳза, ки шикояташон беасос мемонду ман бо далели исботкунанда бо сари баланд аз муҳокимаву судҳои рафиқона мебаромадам, инак фурсате даррасид, ки баҳонаи беҳтаринро эшон соҳиб шуданд. Ман бошам дар кулли дафтарҳои кории ҳукумат ва раёсати заводу шӯъбаи маориф ба худ лақаби "миллатчӣ"-ро гирифтам, ки он лаҳза ин бадтарин ҷурм буд ва дар муқобили забони русӣ, ки меҳвари андеша ва гуфтору пайкори коммунистон ва чунин пеш гирифтани кор то андозае ба худкушӣ баробар буд.
Ба қавле ба душманони ман Худо дод. Ана сар шуд аризабозиву муҳокима ва сияҳ кардани номи ман дар тамоми утоқҳои кории масъулини ҳукумати ноҳия ва раёсати заводу шӯъбаи маориф. Таассуфангез он буд, ки ба далелҳои бардурӯғу рӯҳияи миллаткуши онон дар ҳама мақомот бовар доштанду ба ҳарфҳои ман, ки сар то по андешаи фардои миллат буд, як заррае эътибор надоданд. Аз ҳама дастаки беҳтарин барои онҳо китоби "Хишти аввал"-ам буд, ки сар то по шарҳи оятҳои каримай Қуръон ва аҳодиси Паёмбари Муҳаммад (с) ва гуфторҳои ноби классикони форс буд. Ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё