Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

мушкили пеш гирифтаам нагаштам. Азмам қатъӣ буд.

Ба кори эҷодӣ ҷиддан пардохтам. Ба оғози ин кори эҷодиам Мавлониддин Пӯлодов, муҳаррири ҳамон вақти "Коммунисти Исфара" кӯмак карданд. Ҳам дар дафтари кориам ва ҳам дар хона рӯйи миз пур аз варақу китоб ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешам буд. Дар коргоҳ бо вуҷуди он ки муборизаҳои ҳамкоронам на чун пештар ошкор, балки пинҳонӣ идома дошт, ман аз кори кӯдакистон ва тарбияи тифлҳои бегунаҳ канор намондам. Дар кори эҷодӣ бисёр ҳам кори амалӣ бо кӯдакон ба таълифи китобам кӯмаки бевосита расонид. Бар замми ин, одобу рафтори баъзе мураббиягоне, ки худ аз кӯчаи тарбия ҳазорҳо фарсах дур буданд, маро водор ба он мекард, ки ҷиддан ба ин кор машғул шавам.

Зеро вақте фарзандонамро дар хурдсолияшон ба кӯдакистон супурдам, умед доштам, ки эшон тарбияи хуб мегиранду аз кӯчаи одоб мегузаранд. Аммо хилофи умедворим оҳиста-оҳиста дидам, ки баръакс одоби фарзанди хушахлоқи мо бад шудаву ба тадриҷ салом додан ҳатто гум карданд. Бар замми ин, тадриҷан мушоҳида кардам, ки аҳёнан аз даҳонашон алфози қабеҳу ҳақорат садо медиҳад.

Ин пешомад маро ба ҳайрат гузошт. Он лаҳза андеша карда будам, ки на тарбияи кӯдакон костааст, балки тарбияи худи мураббиягон то ба ҳадде коҳиш хӯрдааст. Ба ин хотир вақте ба кӯдакистон ба ҳайси сарвар омадам, айнан ҳамон андешаро хостам дар амал татбиқ кунаму дар ғунҷоиши якчанд варақ бо такя аз сухани Худову Расулаш (с) ва ҳакимони ниёғонам дастуре таълиф намоям.

Ҳамин тавр бо он ки кашмакашҳои бемаънии фарҳангсӯзон ва миллатзудоёни ғайритоҷик ва тоҷикони ҳаммаслакони чунин афрод беамон идома дошт, ман дар ҷустани ганчинаҳои ноби ниёгон будам, то дар ин дастур-"Хишти аввал" беҳтарин гуфторҳо сарҷамъ ояд. Дар ин фурсат борҳо маро бо аризабозиҳои Ольга Петрова, Элмира Чикаева, Зотова ва Хатамова даъвоҳои ноҷои методисти шӯъбаи маорифи ноҳия Диброва Л. дар раёсати заводи гидрометаллургӣ бо пойкӯбиву исрори Казбан, Солиев ва Тӯхтаев борҳо муҳокима карданд.

пешина
аз 385
навбатӣ