Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чархи гардун аз чӣ бошад, ки ҳамон нафаронеро, ки дар уштур савор буданду дар куфаш пинҳон рўйи саҳнаи зиндагӣ меоварад ва ба сари чанд тани дигар сарвар мекард. Сарваре, ки бо калаи холӣ соҳиби мансаб шуд ва на некро мефаҳмиду на бадро… Сарваре, ки дар бозии тақдир бозичаи дасти дигарон буд…
Чун ў солиёни зиёд аз кор дар милиса нон хўрда буд, агар дар бораи милиса сухани ноҷое мешунид вуҷудаш меларзид ва бо мусоҳибаш қариб даст ба гиребон мешуд, то барои як фарди нопоке, ки либоси милиса ба бар кардааст, ҳамаи милисаро бад нагўянд, вале чӣ илоҷ, ки сарҳади давлатиро имконияти бастан буду забони бадгўёнро не…
Қисме аз мардум бар он ақидаанд, ки кулли низомиён қобилияти мустақили андешаронӣ надоранд. Ҳарчанд ба ин фикр розӣ шудан душвор аст, вале рад намудани он низ ғайриимкон аст.
– Чаро?
– Чунки онҳое, ки қобиляити андешаронӣ доранд, ба сарварон маъқул нестанд ва роҳбароне, ки бо роҳи ришваю тағобозӣ соҳиби тоҷу тахт гаштаанд, аз доираи амру фармони боло сар печида наметавонанд ва сухани нодурусти болоро дидаву дониста аз ақидаи дурусти зердаст боло мегузоранд. Маҳз ҳамин ҳолат дар кор бенизомиро ба вуҷуд меорад ва ба ҷойи аз пайи кори амалӣ шудан, маҷлисбозӣ бо ҳама атрибутҳояш (гапфурўшӣ, ваъдаҳои хушку холӣ ва боз ситоиши сардор) сари минбар меояд…
Партави хуршед чун мурғи бахт ҳамеша аз дунболи онҳое ҳаракат дорад, ки чун соя дар зери парчами амру фармони ҳукумат на, балки хости боло ҳаракат мекунанд…
Маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб бадбахтии қисме аз он низомиёнест, ки фарқи сафеду сиёҳро бе амри фармони боло намебинанд…
Ба баду неки замона нигоҳ накарда зиндагӣ ба маҷрои хеш равон асту равон. Мардумон бошанд, чун мўрчагон дар талоши ризқи хеш, вале бо роҳу равиши худ. Яке бо обилаи кафи даст нонашро ҳалол карда мехўраду дигаре бо гапфурўшӣ дар васфи соҳибмансабе, ки дар асл ба қиммати як дона ҷав арзиш надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё