Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Акнун фардо ба кор баромаданат лозим.
– Майлаш, вале то ҳанўз ман варақаи корношоямиамро нагирифтам.
– Баъди ягон даҳ – понздаҳ дақиқа вай ҳамдеҳаи хушомадгўят чӣ буд, номаш?
– Вайс.
– Ҳа, Вайс худаш варақаатро гирифта ба ҳамин ҷо меояд.
Ман ба ҳамин хотир туро ба ин ҷо даъват намудам. Акнун ақлатро ба ҷояш гир боз нашаваду…
– Фаҳмидам, ҳа дарвоқеъ, ман як чизро пурсидан мехостам.
– Ҳарчӣ ки дилат хоҳад пурсидан гир.
– Чун маро ба ҷуз шумо касе нест, ў яку якбора суханашро бурид…
– Чаро ба даҳонат об гирифтӣ, гап зан…
– Ман ба духтараке аниқтараш духтараке ба ман…
– Дил додааст ҳамин хел?
– Ҳамин хел.
– Ин хел бошад… Эй пешхизмат!
– Ҳозир таоми фармудаатон мешавад, даст пеши бар гирифта гуфт пешхизмат.
– Акнун барои ман ҳам таом биёр ва боз шароб ҳам.
– О, шумо гуфтед, ки ба парҳез гузаштаед– ку?
– Танҳо баъди тўйи худат Насимҷон. Акнун то омадани
кабобу шароб акаатро ба рафти воқеаҳои ба сарат омада шинос кун.
Насим, гап мезаду гап…
– Келин кию чӣ кора аст?
– Дар айни вақт бекор аст.
– Зарар надорад.
– Ва ўро чӣ ному насбест?
– Номаш Сарвиноз, номи падараш Зоҳир.
– Чӣ номи зебое. Гумон мекунам, ки худаш ҳам арзандаи номаш аст?
Насим хост бигўяд, ки Сарвиноз замоне дар ҳамин «Олами роз» пешхизмат буд, вале худдорӣ кард.
– Ҳа, духтараки бад не, ба ман маъқул.
– Ҳаминаш аз ҳама муҳимтар аст, – гуфт Ҳотам Илёс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё