Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳотам Илёс танҳо соле пештар рози дили хеш ба ҳамсар баён кард ва гумон надошт, ки ҳамин хел ба зудӣ рози ниҳони дилаш бо созҳои дили Ороста ҷур мегардонад. Афсўс бар он хўрд, ки тайи ин солҳо ў худро дар пеши ҳамсар чун марди покдасту поксиришт муаррифӣ намуд. Маълум, ки ў аз ҳама асрорҳои пасипардагии банда огоҳ будааст, вагарна чӣ тавр кас метавонад яку якбора шавҳарро ба вартаи ҷиноят тела диҳад.
Он шаб ҳарду ҳам мижа таҳ накарданд. Дар интиҳо ба хулосае омаданд, ки аз ҳамон пули бедардимиён баҳри фарзандон кулбае бино намоянд.
Албатта, бо пули тайёр хона ҳам харидан мумкин буд, вале Ороста ба ин кор розӣ нашуд.
Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки солҳое шавҳар дар милиса бо ҷинояткорон даст ба гиребон будаву роҳҳои муборизаро ба муқобили ин афрод кафш намуданду ҳолатҳои ба манфиати шахси истифода бурдани онро дарёфта, зан чун рўҳшинос ҳолатҳои ақлонии ин гурўҳҳоро аз нуқтаи назари илмӣ дарёфту роҳҳои ҳимояи хешро дар чунин лаҳзаҳои кашф намуд.
– Хона харидан боиси гапу калочаҳо шуданаш мумкин.
Албатта, ҳақу ҳамсояҳо мегуфтагистанд, ки корманди милиса ин қадар пулро аз куҷо ёфт, – сухани ҳамсарашро ба ёд овард Ҳотам Илёс.
– Пас чӣ бояд кард?
– Хона месозем ва тарзе рафтор мекунем, ки касе аз мо гумонбар нашавад.
– Магар чунин шуданаш ҳам мумкин аст.
Он чӣ ки Ороста пешниҳод кард дар тарозуи ақл рост намеомад, вале Ҳотам Илёс пешниҳоди ҳамсарро пазируфт.
Шаби дигар полковники милиса ба хона додарарўсашро ки соҳибкор буд даъват кард ва Ороста худаш бародарро барои оғози сохтмон ҳидоят кард. Ҳарчанд бо ёрии бевоситаи Ҳотам Илёс ҷойи манзили нав муайян карда шуд, вале ҳуҷҷатҳоро бо номи Шерзамон бародари Ороста тахт намуданд ва акнун як сол аст, ки Шерзамон чун супоришдиҳанда дар сохтмони бино саҳмгузор аст. Чун бино дар асоси нақшаи пешниҳод намудаи Ороста оғоз гашта буд, зану шавҳар гоҳ – гоҳ сари қадам ба табрики Шерзамон медаромаданд ва гоҳ – гоҳ маслиҳатҳои кўчак медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё