Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Очаш ҳеҷ туро фаҳмида намешавад, гоҳ дар наъл мезанию гоҳ дар мех.
– Гуфтам– ку ягон одами солимақл бахти хешро пеши по намезанад.
– Майлаш, фардо ман таклифи онҳоро қабул мекунам.
– Аввал андеша намо, ки мабодо касе…
– Ҳеҷ кас дар ин бора чизе намедонад, нашаваду ман пулҳоро биёраму ту қиёмат барпо кунӣ?
– Магар ман метавонам, ки ба бахти Камолҷону Шаҳноза зомин шавам.
– Намедонам.
– Дилатро дур набар, ба атроф назар кун магар он қасри сеошёнаи Бурҳон Сафар бо пули маошаш сохта шудааст.
– Ба генерал чақа нашав!
– Майлаш генералро ба ҳоли худ гузорем, охир чунин қасрҳо каманд.
– Каманд ё зиёд ба мо чӣ фарқ дорад, дар ин замона ҳар кас бояд аробаи худашро кашад.
– Ман ҳам мехоҳам, ки мисли дигарон зиндагӣ намоям.
– Ба фикрам дар рўзҳои наздик хоҳишат ҷомаи амал мепўшад.
– Кошкӣ. Биё беҳтараш барои ин суханони ширинат аз забонат мучӣ кунам, – гўён Ороста худро ба оғўши шавҳар партофт…
Як ҳафта пас Ҳотам Илёс ҳамсарро ба таҳхона бурд ва он қуттии рангро ба ў нишон дод.
– Оҳ, дар ту мурам дадош,– гўён Ороста чун кўдак шодӣ мекард.
– Ба бачаҳо ҳарфе дар ин бора нагўй!
– Хуб шудааст.
Аз он чӣ ки ҳамин тарафи масъала ҳалли хешро ёфт, дили Ҳотам Илёс хело осуда шуд.
Охир барои одамро фаҳмидан як пуд намакро бо ҳам дидан басанда гуфтанд. Ў бошад бо Ороста таи ин солҳо даҳҳо пуд намакро истеъмол намудааст. Дар ин солҳо зан ҳама паҳлуҳои зиндагии шавҳарро аз бар карда… Ў нағз мефаҳмад, ки бо як маоши холӣ ҳаргиз шавҳар қаноат накардааст. Дар ин бора рўйирост ҳам набошад бо шавҳар ў солиёни дароз ҳамфикру ҳамақида буд ва кайҳо фарқро байни ҳалолу ҳаром ба гўшаи фаромўшӣ дода…

пешина
аз 558
навбатӣ