Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Магар аз ин дида пасту палидтар шахсро ёфтан мумкин аст. Ҳамдеҳаи ў ба хотири кадом як полковнике, ки на худ ва на авлодашро мешиносад, вале дар айни вақт дар сари вазифа аст ўро бахшид…
– Чаро?
– Чунки полковник аз ў дастболост ва худи ин нобакор то оринҷ дар гуноҳ ғарқ.
Вайс тайи ним соат боз панҷ – шаш маротибаи дигар ба Ҳотам Илёс гуфт, ки агар хизмате бошад ў ба ҷону дил иҷрояш мекунад.
Дар як солу ду моҳи охир ягон бор Ҳотам Илёс ба Вайс вохўрд ё не ў намедонад, вале даҳ рўз пеш дар ҳузури худи Насим ба сардухтур занг зада баҳри собиқ нашъаҷалоб варақаи корношоямӣ талаб кард.
– Ман худам ҳамаашро тахт мекунам, – рафиқ полковник, рўзе ки лозим шуд омада онро гирад ва ё худам гирифта ба наздатон биёям?
– Лозим нест, худатонро ташвиш надиҳед, Насим сенздаҳчордаҳрўз пас омада онро мегирад.
– Хуб шудааст.
Чун Ҳотам Илёс гўшакро болои аппарати телефон гузошт, ҳамоно гуд – гуди телефони сардухтур ба гўш мерасид ва ин ҳам як эҳтироми хосаи сардухтурро нисбат ба калонҳо нишон медод…
– Аҷиб ин даъфа Вайс ба рўйи ман чӣ хел нигоҳ мекарда бошад? Охир ў бояд фаҳмад, ки ин рафтораш ғайриқонунист,– аз дил гузаронд Насим ва аз содагии хеш ҳайрон шуд. Охир сардухтур ўро бори якум аст, ки мебинад. Тайи ин солҳое, ки вайро мешиносад Вайс даҳҳо, не дурустараш садҳо маротиба чун мор пўсташро иваз кардааст. Магар чунин шахс шарму ҳаёро медонад? Он чӣ ки дар ин солҳо ба сараш омад барои ў дарси ибрат нашуд? Ҳеҷ не ки аз ҳамон хушомадгўию забонбозиаш монад.
Занги телефон садо доду андешаҳои ў парешон шуданд.
Дилу бедилон ў даст ба гўшаки телефон бурда онро бардошт ва овоз рўшан кард.
– Насим?
– Ҳа, ман.
– Нашинохтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё